Ookla®: Tcell -босуръаттарин шабакаи мобилӣ дар Тоҷикистон

Shared to Facebook

Ширкати Tcell ифтихор дорад, ки аз ҷониби Ookla® ҳамчун шабакаи зудтарин дар Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2025 эътироф шудааст.

Дар бораи Ookla®:

Ширкати байналмилалии Ookla®-яке аз пешсафони ҷаҳонӣ дар соҳаи таҳлили шабакаҳо ва омӯзиши сифати интернет мебошад. Платформаи маъруфи Speedtest® ҳар рӯз садҳо миллион озмоиши истифодабарандагонро ҷамъоварӣ мекунад ва тасвири воқеии суръат ва сифати шабакаҳоро дар ҷаҳон пешниҳод менамояд. Ҷоизаҳои  Speedtest  Awards™  ба ширкатҳое дода мешаванд, ки дар пешниҳоди суръати баланд ва сифати хизматрасонӣ натиҷаҳои беҳтаринро нишон медиҳанд.

Ин дастовард натиҷаи меҳнати софдилона ва садоқати дастаи Tcell, инчунин дастгирии саҳмдорон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки рушди рақамиро  бо сиёсати оқилонаашон дастгирӣ менамоянд.

Ҳар як сармоягузории Tcell бо ҳадафи амиқ анҷом дода мешавад — баланд  бардоштани сифати зиндагии мардум, пешбурди рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ва сохтани ояндаи рақамии Тоҷикистон.

Дар  соли  25-солагии фаъолияти Tcell ва 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ин ҷоиза рамзи ифтихор ва масъулияти нав мебошад барои сохтани ояндаи рақамии Тоҷикистон.

— Озодхон  Давлатшоев, Директори генералии Tcell

https://www.speedtest.net/awards/tajikistan/2025?award_type=carrier&time_period=q1-q2