Футзал: «Соро компания» барандаи чоркаратаи Суперҷоми Тоҷикистон оид ба футзал

Shared to Facebook

Дастаи «Соро компания»-и Душанбе маротибаи  чаҳорум дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон оид ба футзал шуд, иттилоъ додааст Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дастаи Пайрав Воҳидов дар бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2025 бар дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд.

Беҳтарин бозигари бозӣ ҳимоятгари дастаи «Соро компания» Дилшод Саломов эътироф гардид.

Пас аз анҷоми бозӣ, дар маросими ҷоизасупорӣ муовини президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Искандар Ҷалилов, котиби генералии ФФТ Фурқат Аҳмадҷонов, раиси Кумитаи футзали ФФТ Абдузоир Исмоилов ва директори Лигаи футзали Тоҷикистон Бахтовар Меликов иштирок намуданд.