Фаъолияти Ориёнбонк дар самти хизматрасониҳои кортҳои бонкӣ ба стандартҳои байналмилалии PCI DSS (Payment Card Industry Data Security Standard) пурра мутобиқат мекунад — гувоҳӣ сертификати дастраснамудаи мо мебошад. Ин сертификат яке аз тасдиқоти мӯътабари сатҳи баланди ҳифзи маълумоти пардохт дар соҳаи молиявии ҷаҳонӣ мебошад.
PCI DSS, ки аз ҷониби Шӯрои стандартҳои амнияти PCI (PCI Security Standards Council) таҳия шудааст, дар саросари ҷаҳон истифода мешавад ва барои ҳифзи маълумоти пардохт дар -ҳар марҳилаи коркарди он равона шудааст. Ҳадафи асосии он таъмини ҳадди аксар ҳифзи маълумоти ҳассос ва эҷоди эътимоди муштариён ва шарикон мебошад.
Гирифтани ин сертификат тасдиқ мекунад, ки мо:
• аз технологияҳои пешрафта барои ҳифзи маълумоти пардохтӣ истифода мебарем;
• равандҳои муосири мониторинг ва пешгирии таҳдидҳоро татбиқ менамоем;
• шаффофият ва мутобиқати пурраро ба меъёрҳои байналмилалии амнияти киберӣ таъмин месозем.
Барои мо амнияти маълумот ва молияи муштариён — ин ҳадафи якдафъаина нест, балки ӯҳдадории доимӣ мебошад. Мо устувории низомҳои пардохтро пайваста тақвият медиҳем, сатҳи эътимодро баланд мебардорем ва технологияҳоеро, ки эътимоднокӣ ва муҳофизатро дар сатҳи баландтарин таъмин мекунанд, идома медиҳем.
➡️Ориёнбонк