Таҷлили Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ дар Вазорати корҳои хориҷӣ

Shared to Facebook

29 сентябри соли 2025 дар Вазорати корҳои хориҷӣ маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, хабар додааст ВКХ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, ҳозиринро ба муносибати иди касбӣ табрику таҳният гуфт. Вазири корҳои хориҷӣ таъкид кард, ки имрӯз таҳти роҳбарии дурбинонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дипломатияи тоҷик дар асоси принсипи “дарҳои боз” ба як абзори муассир дар тақвияти давлатдорӣ, таҳкими мавқеъ ва пешбурди манфиатҳои миллии кишвар дар арсаи байналмилалӣ табдил ёфтааст.

Дар ин радиф ҳамасола ноил шудани Тоҷикистон ба дастовардҳои муҳим ва эътироф гардидани ташаббусҳои он аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ, самаранокии фаъолияти дипломатияи тоҷикро дар миқёси ҷаҳонӣ собит менамояд.

Бахшида ба ин рӯз як қатор кормандони дастгоҳи марказии Вазорат ва муассисаҳои хориҷӣ бо ифтихорномаю сипосномаҳо, медали хизмати шоистаи Вазорати корҳои хориҷӣ ва мансабу рутбаҳои дипломатӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамзамон дар рафти чорабинӣ маросими савгандёдкунии кормандоне, ки бори нахуст ба хизмати давлатӣ қабул шуданд, баргузор гардид.