17 декабр дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.
Бино ба хабари котиботи Маҷлиси миллӣ, аъзои Маҷлиси миллӣ, дар маҷмӯъ, 56 масъаларо баррасӣ намуданд.
Дар рафти иҷлосия аъзои Маҷлиси миллӣ қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва қонунҳои Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид”, “Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ”, “Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ”, “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти нақлиётӣ”, “Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ” ва як қатор қонунҳои дигарро, ки дорои хусусияти такмилу мукаммалгардонӣ ва мутобиқсозӣ ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, муҳокима ва ҷонибдорӣ карданд.
Гуфта мешавад, дар иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси миллӣ Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5 қонуни мукаммал – қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба терроризм”, “Дар бораи истифодаи энергияи атомӣ”, “Дар бораи парандапарварӣ”, “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” ва “Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш” аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ гардиданд.
Ҳамчунин, дар ҷараёни иҷлосия пас аз баррасии пешниҳоди Прокурори генералии Тоҷикистон аъзои Маҷлиси миллӣ ҷиҳати бекор кардани дахлнопазирии судяи Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон Ширинзода Эраҷ Сифот, барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва ба ҳабс гирифтани ӯ ризоият додаанд.
Тибқи пешниҳодҳои Президенти Тоҷикистон, Қувватзода Фотеҳ Ҷумъа судяи Суди конститутсионии Тоҷикистон, Хушмаҳмадзода Алифмо судяи Суди Олии Тоҷикистон ва Қосимзода Сулаймон Оймаҳмад судяи Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон интихоб гардида, Салимзода Юсуф Сафар бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан, аз вазифаи судяи Суди Олии Тоҷикистон, Темурзода Шамсиддин Сафар бинобар вафоташ ва Ширинзода Эраҷ Сифот бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз вазифаи судяҳои Суди Олии иқтисоди Тоҷикистон бозхонд карда шудаанд.
Аъзои Маҷлиси миллӣ лоиҳаҳои қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистонро “Дар бораи тасдиқи сметаи хароҷоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 ва басти вазифаҳои Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёдгор Файзов” ва “Дар бораи аз мансаби муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Файзов Ё.Д.” баррасӣ ва аз рӯи онҳо қарорҳои дахлдор қабул намуданд.
Дар фарҷоми иҷлосия Раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ фаъолияти Маҷлиси миллӣ ва мақомоти онро дар соли сипаришудаистодаи 2021 натиҷагирӣ карда, вазифаҳои аъзои Маҷлиси миллиро дар соли 2022 муайян намудааст.