Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷараёни сафари расмӣ ба Ҳиндустон бо вазири корҳои хориҷӣ Субраҳманиям Ҷайшанкар ва Раиси Лок Сабҳа — Палатаи поёнии парламенти он кишвар Ом Бирла мулоқот карда, ҳамчунин, аз макони ёдбуди Маҳатма Гандӣ боздид намудааст.
Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 17 декабр ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ва иштирок дар ҷаласаи сеюми “Муколамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон” ба Деҳлӣ сафар намуд.
Нахуст рӯзи 18 декабр вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз Маҷмааи ёдгории Раҷгҳат боздид намуда, ба ёдбуди Маҳатма Гандӣ арзи эҳтиром иброз намудааст. Вай дар китоби меҳмонони фахрӣ аз ташрифи худ дастхат ва соядаст гузоштааст.
Ҳамон рӯз мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Субраҳманиям Ҷайшанкар баргузор шудааст.
Бино ба хабари Вазорати корҳои хориҷӣ, дар мулоқот масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷониба баррасӣ шуда, зарурати амалисозии тавофуқоти роҳбарони ду кишвар бобати тақвият бахшидани ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Ҳиндустон дар соҳаҳои мухталиф таъкид гардидааст:
“Ҳамчунин, ҷонибҳо дар бораи масъалаҳои тавсеа ва таҳкими робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва илмию техникӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноату энергетика ва фарҳангу маориф изҳори назар карданд”.
Дар мулоқот дигар масъалаҳои марбут ба тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва вазъи амнияти минтақа баррасӣ шудаанд.
Ҷонибҳо Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҳиндустон барои солҳои 2021-2024 ва Ёддошти тафоҳум байни Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони хизмати дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишкадаи дипломатии Сушма Свараҷи Вазорати корҳои хориҷии Ҳиндустонро имзо намудаанд.
Ҳамон рӯз ҳамчунин мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Раиси Лок Сабҳа — Палатаи поёнии парламенти Ҳиндустон Ом Бирла доир гардидааст.
“Ом Бирла бо изҳори таҳсин аз ҳолати феълии робитаҳои байнипарламентӣ таъкид кард, ки густариши баъдии он, таҳкими пояи шартномавию ҳуқуқӣ, фаъол намудани гурӯҳи дӯстии байнипарламентӣ ва табодули ҳайатҳои расмӣ ҷиҳати баррасии мавзӯъҳои авлавиятноки дуҷониба ва эътимоди мутақобилаи ду давлати бо ҳам дӯст амри зарурӣ мебошанд”, — хабар дод ВКХ Тоҷикистон.
Вазири корҳои хориҷӣ аҳаммияти рушди ҳамкориҳои бештар миёни парламентҳои ду кишварро ба мақсади мусоидат дар густариши ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, тиббӣ, афзоиши теъдоди бурсияҳои таълимӣ ва табодули таҷриба қайд намудааст.
Ҷонибҳо, инчунин, атрофи дурнамои равобити дуҷониба дар чаҳорчӯби абзорҳои ҳамкорӣ, ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми тарафайн табодули афкор намуданд.