17 сентябри соли 2025 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Беларус Павел Утюпинро ба ҳузур пазируфт, хабар додааст Маркази матбуоти ВКХ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши муносибатҳои дуҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию гуманитарӣ табодули афкор намуданд.
Рағбати ҷонибҳо ҷиҳати таҳкими минбаъдаи муколама ва идомаи тамосҳои мунтазам миёни ниҳодҳои сиёсати хориҷии ду кишвар таъкид гардид.