Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи ғайринавбатии сарони кишварҳои арабӣ ва аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуданд

Shared to Facebook

15 сентябри соли 2025, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳа, пойтахти Давлати Қатар, дар ҷаласаи ғайринавбатии сарони кишварҳои арабӣ ва аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Президенти кишвар аз ҳамлаи низомӣ ба Давлати Қатар изҳори таассуф намуда, онро таҷовуз ба соҳибистиқлолӣ ва тамомияти арзии кишвари бародар хонданд ва қотеона маҳкум карданд.

Сарвари давлат вазъи фоҷеабори инсонӣ дар Навори Ғаззаро мавриди таҳлил қарор дода, изҳор доштанд, ки ормонҳои мардуми Фаластин то ҳол амалӣ нагардидаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хатарҳои терроризм, ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳоро зикр намуда, бар ҳамкории муштарак ва ҳамбастагии бештари кишварҳои исломӣ таъкид намуданд.

Президенти мамлакат ҳамзамон зарурати рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод, сармоягузорӣ ва фанновариҳои муосирро барои расидан ба ҳадафҳои созмон таъкид карданд.

Дар интиҳои суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед намуданд, ки ҷаласаи мазкур ба таҳкими иттиҳоду ҳамбастагӣ ва пешгирии хатарҳои замони муосир мусоидат хоҳад кард.

Манбаъ: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон