Сафири Тоҷикистон Эркинхон Раҳматуллозода дар шаҳри Гаага бо Директори кулли Департаменти “Рушди сабз”-и Вазорати корҳои хориҷии Подшоҳии Нидерланд Сафири вижа оид ба рушди мустадом Рене ван Ҳелл мулоқот кардааст:
“Ду ҷониб зимни баррасии ҷомеи масоили муносибатҳои тарафайн ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Нидерланд дар мавзуоти об, ки ҳар ду кишвар дар он пешсаф ҳастанд, таъкид намуда, аз нияти ширкати фаъоли Подшоҳии Нидерланд дар конфронси қарибулвуқуъи об дар Душанбе истиқбол намуданд”, — хабар доданд аз ВКХ Тоҷикистон.
Сафир ба Рене ван Ҳелл даъватномаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба номи Сарвазири Нидерланд Марк Рютте тақдим намудааст.
Худи ҳамон рӯз дар шаҳри Делфти ин кишвар Сафири Тоҷикистон бо ректори Институти оби Делфт, ки дар ҷаҳон маъруф аст, бо профессор Эдди Моорс мулоқот кардааст.
Ҳамсӯҳбатон дар мавзӯи ҳамкориҳои босамари кишварҳо дар масоили об мубодилаи афкор намуда, дар бораи мушахассоти Конфронси қарибулвуқуъ дар Душанбе, ки зимни ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон сурат мегирад, ибрози андеша намудаанд.
Профессор Э. Моорс ба фаъолияти кишвари мо дар бахши рӯзномаи умумиҷаҳонии об баҳои баланд дода, барои ширкат дар Конфронси оби Душанбе (июни соли 2022) ва Конфронси оби Ню-Йорк (марти 2023) изҳори омодагӣ намудааст.