Иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Shared to Facebook

Имрӯз  дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ин бора president.tj иттилоъ медиҳад.

Дар маҷлис масъалаи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ, фаъолсозии корҳои ҳизбӣ ва тарғиби ғояҳои сулҳу ваҳдати миллӣ баррасӣ гардид. Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2025-ро ҳамчун соли муҳими сиёсӣ арзёбӣ намуда, ба нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ таъкид карданд.

Раиси ҳизб зикр намуданд, ки аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба сулҳу субот, ваҳдат ва созандагӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намуд.

Имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар 7 ҳазору 336 ташкилоти ибтидоӣ фаъолият дошта, нақши муҳимро дар рушди иҷтимоиву иқтисодӣ мебозад.

Дар ҷараёни маҷлис санадҳои нави ҳизбӣ тасдиқ ва вазифаҳо барои оянда муайян шуданд.

Ба сохторҳои ҳизбӣ супориш дода шуд, ки корҳои таблиғотӣ ва омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии истиқлолро тақвият бахшанд.

Сипас, намояндагони ҳизбӣ, аз ҷумла Неъматзода Дилрабо, Шоҳинзода Ансор, Раҳимов Темур, Каримзода Мунира, Ҳофиззода Фарзона ва Саъдуллоев Диловар суханронӣ намуданд.

Дар ҷамъбаст, Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарону масъулини ҳизбро ба таҳкими ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ, мубориза бо коррупсия ва таъмини рушди устувори кишвар бо истифода аз дастовардҳои илмию технологии муосир даъват намуданд.