Мулоқоти Сарвазири Тоҷикистон бо Вазири иқтисод ва сайёҳии Амороти Муттаҳидаи Араб

Shared to Facebook

Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Вазири иқтисод ва сайёҳии Амороти Муттаҳидаи Араб Абдуллоҳ ибни Тавқ Ал-Маррӣ мулоқот кард, иттилоъ додааст АМИТ «Ховар».

Зимни мулоқот ҳамкории Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, саноат, энергетика, сайёҳӣ, алоқаи ҳавоӣ ва кишоварзӣ баррасӣ шуд. Таъкид гардид, ки ҳарду кишвар ба густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ таваҷҷуҳ доранд ва нақши Комиссияи муштараки байниҳукуматиро муҳим мешуморанд.

Ҳамчунин, роҳандозии парвозҳои иловагӣ байни шаҳрҳо барои рушди сайёҳӣ ва афзоиши савдои хориҷӣ муҳим дониста шуд.

Ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими робитаҳои судманд таъкид карданд.