Лигаи футзали Тоҷикистон мавсими 2024/25-ро ҷамъбаст карда, ғолибони ҷоизаҳои инфиродиро эълон намуд.
Маросими мутантани ҷоизасупорӣ 12-уми июл, дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Риҷенси Душанбе» баргузор шуд. Дар он роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Лигаи футзали кишвар ва меҳмонони сершумор ширкат доштанд.
Зимни ҳамоиш ғолибон аз рӯйи ҳашт номинатсия бар асоси натиҷаи мусобиқаи Суперлигаи футзали Тоҷикистон дар мавсими 2024/25 қадрдонӣ карда шуданд.
Беҳтарин футзалбози Тоҷикистон бозигари «Истиқлол»-и Душанбе Муҳаммад Шарипов дониста шуд. Ӯ ҷоизаро аз дасти раиси кумитаи футзали ФФТ Абдузоир Исмоилов гирифт. Беҳтарин мураббии мавсими ҷамъбастшуда Пайрав Воҳидов эътироф гардид, ки таҳти роҳбарии ӯ «Соро компания» ғолиби Суперлига ва Ҷоми Тоҷикистон дар мавсими 2024/25 шуд.
Барои саҳми арзанда дар рушди футзал дар Тоҷикистон ба узви Кумитаи иҷроияи ФФТ Дилшод Ҷӯразода ифтихорнома супурда шуд. Илова бар ин, бозигарони тими миллии Тоҷикистон, ки дар Ҷоми Осиё-2024 дар Тайланд бомуваффақият баромад карда, дар Ҷоми ҷаҳон-2024 ширкат доштанд, соҳиби шаҳодатномаҳои устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ оид ба футзал гардиданд.
Варзиш ТВ