ВКХ Эрон “ таҷовузи ҷинояткорона”-и Амрико ва Исроилро тасдиқ кард

Shared to Facebook Shared to Max

Вазорати корҳои хориҷии Эрон пас аз чанд соати оғози ҳамлаи Исроил ва Амрико ба хокаш расман изҳори назар кард ва гуфт, “ба таҷовузгарон бо иқтидор ҷавоб медиҳад”, хабар медиҳад “Азия Плюс”.

Дар изҳороти ин ниҳод ҳамлаи Амрико ва Исроил “таҷовузи низомӣ” арзёбӣ гардида ва маҳкум карда шудааст.

“Таърих гувоҳ аст, ки эрониён ҳеҷ гоҳ дар баробари таҷовузи бегонагон сари таслим фуруд наовардаанд. Ин маротиба ҳам посухи миллати Эрон, қатъӣ ва таъинкунанда хоҳад буд ва таҷовузгаронро аз амалҳои муҷримонаи худ пушаймон хоҳад сохт”, — гуфтааст манбаъ.

ВКХ-и Эрон таъкид кардааст, ки ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон нақзи Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва таҷовузи мусаллаҳонаи ошкор алайҳи Эрон аст.

“Посух ба ин таҷовуз, ҳаққи қонунии Эрон аст ва тибқи моддаи 51 Ойинномаи СММ, нирӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҳамаи имконот ва қудраташон барои муқобила бо ин таҷовузи ҷинояткорона ва рафъи бадиҳои душман истифода хоҳанд кард”, — омадааст дар изҳороти ин ниҳод.

ВКХ-и Эрон изҳор доштааст, ки Амрико ва Исроил дар остонаи Наврӯз, дар даҳумин рӯзи моҳи мубораки Рамазон ва дар ҳоле, ки музокироти Эрон ва Амрико ҷараён дошт, “бо нақзи ошкорои тамомияти арзӣ ва ҳокимияти миллӣ, як силсила аз ҳадафҳо ва зерсохтҳои дифоиву ғайринизомӣ дар шаҳрҳои мухталифи кишварро мавриди ҳамла қарор доданд”.

Ин ниҳод аз кишварҳои исломӣ ва давлатҳои узви СММ-ву минтақа даъват кардааст, ки ҳамлаҳои Амрико ва Исроил ба Эронро маҳкум карда, алайҳи он иқдоми оҷилу дастаҷамъӣ андешанд.