Рӯзи 25 феврал дар Лондон машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар сатҳи роҳбарони воҳидҳои марбути мақоми сиёсати хориҷии ду кишвар баргузор гардидаанд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Зимни машваратҳо ҷонибҳо атрофи дурнамои густариши ҳамкориҳои дуҷониба табодули афкор намудаанд. Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои таҳкими муколамаи сиёсӣ, робитаҳои иқтисоди-тиҷоратӣ, ҷалби сармоя, инчунин рушди муносибатҳо дар соҳаҳои маориф, иқтисодию тиҷоратӣ, илм, фарҳанг ва муҳоҷират зоҳир гардидааст.
Ҳамзамон, ҷонибҳо масъалаҳои бисёрҷонибаро, аз ҷумла дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, муҳокима намуда, омодагиро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои созанда дар чаҳорчӯби ин сохторҳо иброз доштаанд.




