Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир дар ҳошияи “India AI Impact Summit 2026” – нишасти ҷаҳонӣ оид ба таъсири ҳуши маснӯӣ, ки аз 16 то 20 феврал дар шаҳри Деҳлии нави Ҳиндустон баргузор мегардад, иштирок дорад.
Ба иттилоъи дафтари матбуоти Вазири саноат ва технологияҳои нав, дар ин ҳамоиш ҳайати Тоҷикистон афзалияти ҷумҳуриро дар соҳаи саноат ва ҷорисозии ҳуши маснӯӣ муаррифӣ кардааст. Аз ҷумла, ба масоили таъмиру таҷдиди раванди истеҳсолот, рушди иқтисоди рақамӣ, инчунин омодасозии кадрҳо барои саноати оянда таваҷҷуҳи хосса зоҳир шудааст.
Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир дар ҳошияи ин ҳамоиш бо мудири кулли “OpenAI” Сэм Алтман мулоқот кардааст. Дар мулоқот имконоти истифодаи дастовардҳои ширкат барои тағйири рақамии саноати Тоҷикистон ва роҳандозии лоиҳаҳои санҷишӣ дар соҳаи ҳуши маснӯӣ (зеҳни сунъӣ) баррасӣ шуд.

Дар доираи ин замоиш Шералӣ Кабир, ҳамчунин, бо намояндагони сохторҳои давлатии Ҳиндустон, созмонҳои байналмилалӣ ва роҳбарони ширкатҳо дар соҳаи ҳуши маснӯӣ дидору гуфтушунидҳо анҷом дода, дурнамои татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва ҷалби сармоягузориро мавриди баррасӣ қарор додааст. Аз ҷумла зимни мулоқот бо вазири роҳи оҳан, электроника ва технологияҳои иттилоотии Ҳиндустон ба “сатҳи баланди иштироки кишвар дар муколамаи байналмилалӣ таъкид шудааст”.

“India AI Impact Summit 2026”, ки таҳти роҳбарии нахуствазири Ҳиндустон мегузарад, чорумин вохӯрӣ дар силсилаи ҳамоиши глобалӣ дар бораи ҳуши маснӯӣ аст, ки аз соли 2023 гузаронида мешавад. Қаблан чорабиниҳои ба ин монанд дар Фаронса, Кореяи Ҷанубӣ ва Британияи Кабир доир гардида буданд. Дар ин чорабинӣ намояндагони зиёда аз 100 кишвар ширкат доранд.





