Қазоқистон ба қатори кишварҳое дохил шуд, ки нерӯҳои низомӣ ва пулиси худро барои иштирок дар нерӯҳои байналмилалии устуворсозӣ (ISF) дар навори Ғазза мефиристанд. Дар ин бора президенти Амрико Доналд Трамп дар нахустин ҷаласаи Шӯрои сулҳ изҳор доштааст:
“Албания, Косово, Қазоқистон – ҳамаи онҳо ваъда доданд, ки нерӯҳои низомӣ ва пулисро барои таъмини субот дар навори Ғазза пешниҳод мекунанд. Миср ва Урдун низ кӯмаки хеле-хеле назаррас мерасонанд, нерӯ мефиристанд, омодасозӣ ва дастгириро барои нерӯҳои бисёр боэътимоди пулиси фаластинӣ таъмин мекунанд”, – гуфтааст Трамп.
Трамп ҳамчунин Қазоқистонро дар қатори кишварҳое ном бурд, ки барои кӯмак ба Ғазза маблағ ҷудо кардаанд:
“Ман хушҳолам эълон кунам – Қазоқистон, Озарбойҷон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Марокаш, Баҳрайн, Қатар, Арабистони Саудӣ, Ӯзбекистон ва Кувайт дар якҷоягӣ беш аз 7 миллиард доллар ба барномаи кӯмак саҳм гузоштанд”, – изҳор доштааст Трамп. Ба гуфтаи ӯ, ИМА ба “Шӯрои сулҳ” 10 миллиард доллар ворид мекунад.
Дар бораи таъсиси “Шӯрои сулҳ” Трамп 16 январи имсол хабар дод. Таъсиси ин созмон ба нақшаи сулҳи президенти ИМА барои Ғазза дохил мешуд.




