Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамлаи интиҳорӣ ба як масҷиди шииён дар шаҳри Исломободи Покистонро, ки даҳҳо кушта бар ҷой гузошт, амали террористӣ номида, маҳкум карданд.
Президенти Тоҷикистон дар паёми ҳамдардӣ ба Президенти Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ ва Сарвазири ин кишвар Шаҳбоз Шариф аз номи давлат ва мардуми Тоҷикистон андӯҳи амиқи худро аз ин ҳодисаи хунин изҳор дошта, ба наздикону пайвандони қурбониён сабру таҳаммул ва ба ҳамаи осебдидагон шифои комил орзу кардаанд.
“Аз даргоҳи Худованд барои фавтидагон раҳмату мағфират ва барои ҳамаи осебдидагон шифои комил мехоҳам. Тоҷикистон ин амали террористии золимона ва чун ҳамеша ҳама гуна зуҳуроти терроризмро шадидан маҳкум карда, зарурати муборизаи беамонро алайҳи он мудом таъкид менамояд”, — омадааст дар барқияи изҳори тасаллии Президенти Тоҷикистон.
Ҳамчунин, Сарвари давлат мавқеи қотеъи кишварро нисбат ба терроризм бори дигар ёдовар шуда, зикр намудаанд, ки Тоҷикистон ин амали террористии золимонаро шадидан маҳкум мекунад ва ҳамеша бар зарурати муборизаи беамон алайҳи ҳама гуна зуҳуроти терроризм таъкид менамояд.
Зикр шудааст, ки Тоҷикистон пайваста ҷонибдори таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти муқовимат бо терроризм ва ифротгароӣ буда, чунин амалҳоро таҳдиди ҷиддӣ ба амният ва суботи ҷомеаи ҷаҳонӣ мешуморад.
Ҳамлаи интиҳорӣ ба як масҷиди шииён дар Исломобод рӯзи 6-уми феврал рух дода, тибқи маълумоти охир, дар натиҷаи он 31 нафар кушта ва беш аз 160 каси дигар маҷрӯҳ шуданд. Масъулияти ин ҳамлаи интиҳориро гурӯҳи террористии ДИИШ бар ӯҳда гирифтааст.
Ба маълумоти расонаҳо, ҳамлагари интиҳорӣ баъд аз намози ҷумъа маводи таркандаро дар даромадгоҳи масҷид ба кор даровард.




