СММ: Таҳдиди ДИИШ дар ҷаҳон афзудааст

Shared to Facebook Shared to Max

Созмони Милали Муттаҳид дар гузориши нави худ ба Шӯрои Амният эълон кард, ки таҳдидҳои гурӯҳи террористии ДИИШ (“Давлати исломӣ”) дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон афзоиш ёфта, шакли печидатар гирифтааст. Ин масъала рӯзи 4 феврал дар нишасти Шӯрои Амнияти СММ баррасӣ шудааст.

Муовини дабири кулли СММ дар умури мубориза бо терроризм Александр Зуев изҳор доштааст, ки “Шохаи Хуросон”-и ДИИШ дар Афғонистон ҳамоно таҳдиди ҷиддӣ барои минтақа ва берун аз он боқӣ мемонад. Ба гуфтаи ӯ, бо вуҷуди коҳиши шумори ҳамлаҳо, ин гурӯҳ имкони барқарор ва тақвият ёфтани босуръатро аз ҳисоби ҷалб ва истихдоми онлайнӣ нигоҳ доштааст.

Зуев аз ҳамлаи террористии 19 январ дар шаҳри Кобул ёдовар шудааст, ки бар асари он ҳафт нафар ба ҳалокат расида, даҳҳо тани дигар, аз ҷумла кӯдакон захмӣ шуданд. Масъулияти ҳамларо “Шохаи Хуросон”-и ДИИШ бар ӯҳда гирифтааст. Дар ҳамин ҳол, ҳаракати радикалии “Толибон” иддао дорад, ки фаъолияти ин гурӯҳ саркӯб шудаву дигар таҳдиди ҷиддӣ эҷод намекунад.

Ба таъкиди намояндаи СММ, созмони террористии ДИИШ ва шабакаҳои вобаста ба он, сарфи назар аз фишорҳои зиддитеррористӣ, муқовимат нишон дода, ҷалби ҷангиёни хориҷиро идома медиҳанд ва аз технологияҳои муосир барои густариши фаъолият истифода мебаранд. Манбаъҳои маблағгузории онҳо, аз ҷумла, кӯмакҳои пинҳонӣ, гардиши молии ғайриқонунӣ ва одамрабоӣ арзёбӣ мешавад.

Дар гузориш инчунин зикр шудааст, ки ДИИШ талош дорад ҳузури худро дар қисматҳое аз Африқо густариш диҳад ва бо истифода аз захираҳо ва назорати маҳаллӣ вазъро бесубот созад. Ба гуфтаи Зуев, ин гурӯҳ дар Ироқ ва Сурия низ фаъол боқӣ монда, бо анҷоми ҳамлаҳо ва иқдомҳои нав суботи маҳаллиро халалдор мекунад. Вазъи амниятӣ дар Сурия шикананда арзёбӣ шуда, ба гуфтаи ӯ, ДИИШ аз холигоҳҳои қудрат ва танишҳои қавмӣ истифода мебарад.