27 январ даври сеюми машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арабии Миср баргузор гардид, иттилоъ додааст Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳайатҳои ҷонибҳоро муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода ва муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арабии Миср Амр Ҳамза роҳбарӣ намуданд.
Дар ҷараёни машваратҳо масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетика, сайёҳӣ, башардӯстона, илму маориф, фарҳанг, саноат, алоқаи ҳавоӣ, таҳкими пояи шартномавию ҳуқуқӣ, инчунин ҳамкории ду давлат дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо барои таҳкими муносибатҳои дӯстона ва густариши ҳамкории мутақобили судманд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арабии Миср изҳори омодагӣ намуданд.
Дар анҷоми машваратҳои сиёсӣ Ёддошти тафоҳум байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи омӯзишҳои дипломатии Вазорати корҳои хориҷӣ, муҳоҷират ва мисриёни хориҷ аз кишвари Ҷумҳурии Арабии Миср ба имзо расид.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








