Вазорати корҳои хориҷӣ хабари фоҷеаи ба ҳалокат расидан ва маҷрӯҳ шудани одамон бар асари садамаи бархурдани қатораҳо дар музофоти Кордоваи Шоҳигарии Испанияро бо андӯҳи бузург қабул намуд.
Дар робита ба ин мусибати вазнин, мо ҳамдардиву тасаллияти самимии ин ҷонибро ба пайвандону наздикони фавтидагон ва тамоми мардуми Испанияи дӯст расонида, ба зарардидагон шифои оҷил таманно дорем.
➡️ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН




