16 январи соли 2026 мулоқоти намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат бо муовини Дабири кулли СММ, намояндаи олии Гурӯҳи кишварҳои камтараққӣ, кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ ва кишварҳои хурди ҷазиравии рӯ ба тараққӣ (LLDC) хонум Рабаб Фатима баргузор гардид, хабар додааст Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба аҳамияти ҳамбастагӣ ва таҳкими ҳамоҳангсозӣ байни кишварҳои LLDC дар заминаи ислоҳот дар доираи Ташаббуси СММ-80, бо таваҷҷуҳ ба татбиқи Барномаи амали Аваза, табодули назар намуданд. Ҳамзамон, зимни муҳокимаи нақши ташаббусҳои Тоҷикистон дар платформаҳои сиёсии ҷаҳонӣ, инчунин ба аҳаммияти афзояндаи масъалаҳои марбут ба пиряхҳо ва захираҳои об таъкид карда шуд.
Дар фарҷоми мулоқот намояндаи доимӣ даъватномаи расмиро ҷиҳати иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе (25–28 майи соли 2026) ба муовини Дабири кулли СММ таҳвил дод.




