Мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо ҳамватанони бурунмарзии муқими шаҳри Вена

Shared to Facebook Shared to Max

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия Манучеҳр Ҷобир бо ҳамватанони бурунмарзии муқими шаҳри Вена вохӯрӣ намуд, хабар додааст Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия.

Зимни мулоқот нуктаҳои асосие, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дарҷ шудаанд, баррасӣ гардиданд.

Ҳамзамон таваҷҷуҳи ҳамватанон ба масъалаҳои марбут ба тарғибу ташвиқ ва ҳифзи забон, таърих ва фарҳанги миллати тоҷик дар кишвари иқомат ҷалб карда шуд.