7 январи соли 2026 муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода сафири Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йорк Шуграфро ба ҳузур пазируфт, иттилоъ додааст Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистону Олмон дар соҳаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн, инчунин дар чорчӯби созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
Акс: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон




