Раиси Маҷлиси намояндагони Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо Вазири сармоягузории Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Холид ибни Абдулазиз ал Фолеҳ мулоқот намуд, хабар додааст маркази матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самти сармоягузорӣ, мавриди баррасӣ қарор дода, ба густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.
Раиси Маҷлиси намояндагон аз иқтидори мавҷудаи иқтисодии Ҷумҳурии Точикистон, фазои мусоиди сармоягузорӣ ва ислоҳоти анҷомдодаи Ҳукумати Тоҷикистон дар самти сармоягузорӣ ёдовар шуда, изҳор дошт, ки таҳкими ҳамкориҳо бо Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба манфиати ҳар ду кишвар мебошад.
Вазири сармоягузории Шоҳигарии Арабистони Саудӣ омодагии кишварашро барои тақвияти ҳамкорӣ дар бахшҳои афзалиятнок, аз ҷумла энергетика, саноат, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои муҳимми иқтисод баён намуд.
Файзалӣ Идизода иброз намуд, ки мо ҷонибдории худро ҷиҳати пешрафти муносибатҳои сармоягузорӣ байни кишварҳоямон изҳор намуда, табодули таҷриба, ташкили муколамаи доимӣ, анҷом додани сафарҳо фаъол намудани гурўҳҳои дўстӣ ва ҳамкории байнипарламентӣ, иштирок дар чорабиниҳои тарафҳоро дар ин самт зарур меҳисобем.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон






