Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Чин

Shared to Facebook Shared to Max

31 декабри соли 2025 мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин Го Ҷитсзюн баргузор гардид, ки дар рафти он натиҷаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию-иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ дар соли равон ва дурнамои рушди минбаъдаи онҳо дар соли 2026 баррасӣ гардиданд, хабар додааст ВКХ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тамаркузи асосӣ ба татбиқи амалии мувофиқатҳое, ки дар рафти вохӯриҳои роҳбарони Тоҷикистон ва Чин ба даст омадаанд, инчунин натиҷаҳои ҷаласаи нахустини Муколамаи стратегӣ дар сатҳи вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин (22 ноябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе), карда шуд.

Тарафҳо оид ба масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуданд.

Дар рафти мулоқот ҷониби Тоҷикистон дар бораи пуштибонии қотеъи хеш аз принсипи «Чини ягона», истиқлолият ва тамомияти арзии он изҳор намуд.