Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия Манучеҳр Ҷобир нусхаҳои эътимодномаҳояшро ба сардори ташрифоти Вазорати федералии корҳои аврупоӣ ва байналмилалии Ҷумҳурии Австрия Максимилиан Ҳенниг супорид, хабар медиҳад ВКХ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зимни вохӯрӣ тарафҳо муҳиммияти тавсеаи минбаъдаи ҳамкории мутақобили судманд байни Тоҷикистону Австрияро таъкид намуданд.




