Ҷаласаи Гурӯҳи кории “Даҳсолаи илмҳои криосферӣ” дар ЮНЕСКО

Shared to Facebook

9 декабри соли 2025 дар қароргоҳи ЮНЕСКО ҷаласаи дурӯзаи Гурӯҳи кории махсус вобаста ба татбиқи қатъномаи МУ СММ дар бораи “Даҳсолаи амал оид ба илмҳои криосферӣ, 2025-2034” оғоз шуд, хабар додааст Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар рафти ҷаласа ба нақши пешбарандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонии марбут ба обу иқлим ишора шуда, аҳамияти татбиқи қатъномаи номбурда мубрам ва саривақтӣ арзёбӣ гардид.

Намояндаи Тоҷикистон оид ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028, ки моҳи майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд, иттилоъ дод, ки пойгоҳи он барои таҳкими ҳамкорӣ дар масъалаҳои обу иқлим, инчунин илмҳои криосферӣ муҳим мебошад.