1 ноябри дар шаҳри Манама машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Баҳрайн баргузор гардид, иттилоъ додааст Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳайатҳоро дар машваратҳо муовинони вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода ва Подшоҳии Баҳрайн Шайх Абдуллоҳ ибни Алӣ Оли Халифа роҳбарӣ намуданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманд байни ду кишвар мубодилаи афкор намуданд. Ҳамчунин, масъалаҳои таҳкими робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ ва илму маориф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои муфид дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ изҳор дошта, бар зарурати идомаи мунтазами машваратҳои сиёсӣ дар сатҳҳои гуногун таъкид намуданд.






