Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Вазири давлатии маориф ва омӯзишии касбии Покистон

Shared to Facebook

31 октябри соли 2025 дар ҳошияи иштирок дар иҷлоси 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири давлатии маориф ва омӯзишии касбии Покистон хонум Ваҷиҳа Қамар доир гардид, иттилоъ додааст ВКХ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зимни мулоқот доираи васеи масъалаҳои равобити Тоҷикистону Покистон, бахусус имконияти рушди ҳамкориҳо дар доираи ЮНЕСКО дар самтҳои маориф ва фарҳанг мавриди муҳокима қарор гирифт.

Ҷонибҳо омодагии худро барои фаъолтар гардонидани ҳамкориҳо миёни Комиссияҳои миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО-и ҳар ду кишвар иброз намуданд.