Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Вазири маориф ва таҳсилоти олии Қатар ва роҳбари Фонди Қатар доир ба рушд

Shared to Facebook

23 октябри соли 2025 мулоқоти сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо вазири маориф ва таҳсилоти олии Қатар хонум Лулва бинти Рошид Ал-Хотир ва директори генералии Фонди рушди Қатар Фаҳад Ҳамад Ал-Сулайтӣ баргузор гардид, хабар додааст ВКХ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҷонибҳо роҳҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои илму маориф, аз ҷумла бунёди марказҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, мактабу муассисаҳои таълимии томактабӣ ва таҳкими иқтидори кадриро ба таври муфассал баррасӣ намуданд.