Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Вазири сармоягузории Амороти Муттаҳидаи Араб

Shared to Facebook

Дар шаҳри Абу Забӣ мулоқоти Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб Ашрафҷон Гулов бо Вазири сармоягузории Амороти Муттаҳидаи Араб Муҳаммад Ҳасан Ас-Сувайдӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ВКХ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ додааст.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба самтҳои калидии ҳамкорӣ, аз ҷумла ҷалби сармояи мустақиму ғайримустақими хориҷӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ, ташкили ҳамоишҳои сармоягузорӣ ва рушди шарикии байни сохторҳои давлатӣ ва бахши хусусии ҳар ду кишвар табодули афкор намуданд.

Ҳамзамон, ҷонибҳо баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории Душанберо барои таҳкими ҳамкории мутақобилан судманд муҳим арзёбӣ намуданд.