2 октябри соли 2025 дар шакли маҷозӣ машваратҳо миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Русия оид ба таъмини иттилоотии фаъолияти сиёсати хориҷӣ ва кор бо ВАО дар сатҳи роҳбарони воҳидҳои марбутаи мақоми сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва Русия баргузор гардид, дар ин хусус ВКХ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Ҷонибҳо зимни мулоқот вобаста ба масъалаҳои гуногуни ҳамкории дуҷониба дар ин самт, бо таваҷҷуҳ ба таҳкими ҳамоҳангсозии байниидоравӣ дар соҳаи сиёсати иттилоотӣ табодули афкори пурмуҳтаво доир карда, дар мавриди идомаи тамосҳои мунтазам ба мувофиқа расиданд.
Машваратҳо дар руҳияи ҳусни тафоҳум сурат гирифтанд.