Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дабири кулли САҲА

Shared to Facebook

26 сентябри соли 2025 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҳошияи Иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар ш.Ню-Йорк бо дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Фаридун Синирлиоғлу вохӯрӣ намуд, хабар додааст ВКХ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди муносибатҳои Тоҷикистону САҲА-ро дар чаҳорчӯби се ченаки ҳамкорӣ – низомӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-муҳитизистӣ ва инсонӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин роҷеъ ба вазъ дар минтақа ва Афғонистон, мубориза бо терроризм, ҳамкорӣ дар масъалаҳои обу иқлим табодули назар намуданд.