Машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Беларус

Shared to Facebook

17 сентябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе машваратҳои сиёсӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус дар сатҳи муовинони вазирони корҳои хориҷӣ Фаррух Шарифзода ва Павел Утюпин баргузор гардид, хабар додааст маркази матбуоти ВКХ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зимни машваратҳо ҷонибҳо перомуни дурнамои густариши ҳамкориҳои дуҷониба мубодилаи афкор намуданд.

Таваҷҷуҳи хоса ба масъалаҳои таҳкими музокироти сиёсӣ, тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, ҳамчунин рушди робитаҳо дар соҳаҳои маориф, илм ва фарҳанг зоҳир гардид.

Доир ба масъалаҳои рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.

Идомаи ҳамкориҳои ҷонибҳо дар доираи СММ, СҲШ, ИДМ, СААД ва дигар сохторҳои бисёрҷониба тасдиқ карда шуд.

Ҷонибҳо аҳамияти тамосҳои мунтазамро дар сатҳҳои гуногун таъкид намуданд.

Машваратҳо дар фазои созанда ва ҳусни тафоҳум доир гардид.