Иштироки Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ ва арабӣ

Shared to Facebook

 14 сентябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти изтирории вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ ва арабӣ, ки бо ташаббуси Давлати Қатар дар шаҳри Давҳа баргузор гардид, иштирок намуд, хабар додааст маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ҷаласа иштирокдорони ҳамоиш оид ба ҳамла ба Давлати Қатар, ки 9 сентябри соли равон ба вуқуъ пайваст, инчунин вазъи мураккаби Ховари Миёна табодули назар намуданд.

Зимни нишаст аз ҷониби вазирони корҳои хориҷӣ рӯзнома ва матни санади ниҳоии Саммити изтирории сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ ва арабӣ (15 сентябри соли 2025, Давҳа) мавриди баррасӣ қарор гирифта, тасдиқ карда шуд.