11–12 сентябри соли 2025 дар Душанбе зери раёсати ҷониби Тоҷикистон машваратҳо оид ба масъалаи Афғонистон дар қолаби кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор гардиданд, хабар додааст маркази матбуоти ВКХ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон. Иштирокдорон вазъи кунунии Афғонистон ва таъсири онро ба минтақаи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) баррасӣ намуда, инчунин дар бораи ҳамкорӣ бо Афғонистон ҷиҳати таъмини амният, субот ва рушди устувор дар ин кишвар мубодилаи маълумот карданд.Ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи муколамаи созанда ва ҳамкории амалии муштарак ҷиҳати таҳкими сулҳ, субот ва рушди устувор дар Афғонистон ва минтақа таъкид карданд.