Бар асари заминларзаи шадид, ки шаби душанбе дар вилояти Қунари шарқи Афғонистон рух дод, беш аз 1124 нафар ҳалок ва 3251 нафар маҷруҳ шудаанд. Қаблан хабар аз ҳалокати зиёда аз 800 нафар ва захмӣ шудани беш аз 2500 нафар расида буд. Дар ин хусус «Kazinform» бо истинод ба BBC хабар додааст.
Ба иттилои расида, вилояти Қунар, ки маркази зилзила маҳсуб меёбад, зарари ҷиддӣ дидааст. Аммо ба сабаби қатъ шудани иртиботи мобилӣ ва душвории дастрасӣ ба баъзе минтақаҳои осебдида, маълумоти дақиқ дар бораи қурбониён ва маҷруҳшудагон ҳанӯз пурра дастрас нест.
Тибқи маълумоти Хадамоти геологии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, маркази зилзила дар километри 27-уми самти шимолу шарқи шаҳри Ҷалолобод, дар умқи 8 километр воқеъ буда, шиддати он 6 балл-ро ташкил додааст.
Манбаъ: Kazinform