Мулоқоти Саидҷон Шафизода бо Файсал Карим Кундӣ

Shared to Facebook

 Кордори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Покистон Саидҷон Шафизода бо Губернатори вилояти Хайбар-Пахтунхваи Ҷумҳурии Исломии Покистон Файсал Карим Кундӣ мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар додааст.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолат, дурнамо ва густариши ҳамкориро дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла соҳаи иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, таҳсилоти олӣ, кишоварзӣ, саёҳат, фарҳанг ва ҳунар, варзиш, бонкдорӣ, алоқаи ҳавоӣ ва дигар масъалаҳои барои ҳарду ҷониб муҳим мавриди баррасӣ қарор доданд.

Таъкид гардид, ки роҳбарияти вилоят омода аст, то соҳибкорони муваффақи минтақаро ба сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ҷалб намояд. Ҳамзамон дар доираи мулоқотҳои қаблии намояндагии дипломатӣ мувофиқа гардид, ки байни соҳибкорони музофоти Хайбар-Пахтунхва ва вилояти Хатлон Форуми соҳибкорӣ баргузор карда шавад.

Дар вохӯрӣ ҳамзамон ҷараёни татбиқи лоиҳаи КАСА-1000 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.