Созмони ҷаҳонии тандурустӣ варианти B 1.617-и коронавирусро, ки дар Ҳиндустон ёфт шудааст, “ташвишовар” тасниф кардааст. Ин созмон қаблан штаммҳои дар Англия, Африқои Ҷанубӣ ва Бразилия кашфшударо ҳам ба ҳамин категория шомил карда буд.
Ба гуфтаи коршиноси СҶТ Мария ван Керкхов, далелҳо мавҷуданд, ки B. 1.617 бештар сироятёбанда ва эҳтимолан, ба антитела бетаъсир аст:
“Барои ҳамин мо онро ҳамчун як варианти ташвишовар тасниф мекунем. Ҳарчанд ҳоло гуфтан барвақт аст, ки B. 1.617 ба ваксинаҳо тобовартар аст”, — гуфтааст намояндаи СҶТ ба “Reuters”.
Натиҷаҳои пешакии тадқиқот нишон додаанд, ки B. 1.617 нисбат ба дигар вариантҳои коронавирусе, ки дар Ҳиндустон гардиш мекунанд, зудтар паҳн мешавад. Аммо, барои СҶТ то ҳол ин мутатсия танҳо “таваҷҷӯҳбарангез” дониста мешуд.
СҶТ дар ҳоле штамми вирусро ҳамчун “қобили нигаронӣ” тасниф мекунад, агар он ҳадди ақал, ба яке аз якчанд меъёр ҷавобгӯ бошад, яъне афзоиши сироятёбӣ (осонии интиқол), бемории шадидтар ё муқовимати баланд ба антитела, доруҳо ва ваксинаҳо дошта бошад.
Ба гуфтаи олимон, штамми “ҳиндӣ”, ҳадди ақал, ба монанди “бритониёӣ” ба осонӣ аз инсон ба инсон сироят мекунад.