Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои АП СААД баргузор мешавад

Shared to Facebook

Имрӯз, 1 июл, дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (АП СААД) баргузор мешавад. Ҳайатҳои кишварҳои узви АП СААД шоми дирӯз ба пойтахти ҷумҳурӣ омаданд.

Дар ҷаласа Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, Раиси парламенти Арманистон, раисони палатаҳои поёнии парламентҳои Русия, Беларус, Қазоқистон, Афғонистон (кишвари нозир дар СААД), роҳбари парламенти Сербия (кишвари нозир), инчунин дабири кулли СААД Станислав Зас ва котиби иҷроияи АП СААД Сергей Поспелов иштирок мекунанд.

Раиси Маҷлиси миллии Арманистон Арарат Мирзоян, муовини Раиси Сенати парламенти Қазоқистон Аскар Шакиров, Раиси Маҷлиси парламенти Қазоқистон Нурлан Нигматулин дар ҷаласаи Шӯрои АП СААД аз тариқи видео-конфронс ширкат меварзанд.

Бино ба котиботи СААД, ба рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои ҳамоҳангсозии қонунгузории миллии кишварҳои узви созмон дар давраи солҳои 2021-2025 шомил аст. Fайр аз ин, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ният доранд, ки вазъ дар Афғонистонро баррасӣ кунанд.

Ҳамчунин, дар назар аст, ки субҳи имрӯз сарони ҳайатҳои парламентии кишварҳои узви АП СААД-ро Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазирад. Сипас онҳо дар маросими гулгузорӣ дар пояи муҷассамаи қаҳрамони миллии Тоҷикистон Исмоили Сомонӣ ширкат меварзанд.

Дар баробари ин, интизор меравад, ки Раиси Думаи давлатӣ бо Раиси палатаи болоии парламентии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва Раиси палатаи поёнии парламенти Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмонӣ мулоқотҳои дуҷониба анҷом диҳад.

Шӯрои АП СААД фаъолияти ассамблеяро ташкил мекунад ва аз сарони парламентҳои (роҳбарони палатаҳои парламентҳои) Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон иборат аст.