Тоҷикистон – ИМА: 30 соли эътирофу эътимод

Shared to Facebook

30 сол пеш, 25-уми декабри соли 1991, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт. Баъди ду моҳи дигар аз барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни ҳарду кишвар низ 30 сол пур мешавад.

Муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар 14 феврали 1992 барқарор гардиданд. Моҳи марти ҳамон сол Сафорати ИМА дар Тоҷикистон (бо иқоматгоҳ дар Қазоқистон) кушода шуд. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вашингтон аз соли 2002 фаъолият менамояд.

Бино ба тафсири Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар таҳкими муносибатҳои сиёсӣ сафари расмии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Амрико дар соли 2002 ва мулоқот бо ҳамтои америкоӣ Ҷорҷ Буш, ки зимни он ислоҳоти сиёсӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон, масъалаҳои ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризми байналхалқӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир матраҳ гардиданд, нақши муҳим бозид:

Гуфта мешавад, ба тақвияти муносибатҳои дуҷониба сафарҳои котибони давлатии ИМА Ҷеймс Бейкер, Кондолиза Райс, Ҳиллари Клинтон ва Ҷон Керри ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуданд.

Тоҷикистон ва ИМА то ин замон 34 санади ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, ҳамкории ҳарбӣ-техникӣ, мубориза бо терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба имзо расонидаанд. Аз ин 22 санадро созишномаҳои байниҳукуматӣ ташкил мекунанд:

“Тоҷикистон ва ИМА машваратҳои сиёсиро ба сифати абзори муҳим барои тақвияти муносибатҳои фарогир истифода мебаранд.

Ҳамкориҳои мо дар бахши иқтисодӣ, соҳаҳоеро дар бар мегирад, ки дар татбиқи стратегияи миллии рушд мусоидат менамояд”.

Тоҷикистон ва ИМА ҳамкориҳоро дар қолаби С5+1 (ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА) низ ба роҳ мондаанд.

Тоҷикистон ва ИМА дар доираи Созишномаи сиғавӣ байни ҳукуматҳои ИМА ва кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба рушд дар соҳаи тиҷорат ва сармоягузорӣ (ТИФА), ки 1 июни соли 2004 дар Вашингтон ба имзо расид, ҳамкорӣ менамоянд.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон аз ҷониби ИМА якчанд барномаи омӯзишӣ амалӣ мешаванд, аз ҷумла, “Эдмонд Маски”, “Фулбрайт”, “Флекс”, барномаи тадқиқотии “Кокран” ва барномаи иқтисодии “САБИТ”. Мувофиқи барномаҳои мазкур, Ҳукумати ИМА ҳар сол ҷавонону олимони тоҷикро барои донишомӯзӣ ба ИМА даъват менамояд.

8 майи соли 1987 Созишнома оид ба бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Боулдер ба имзо расид. Соли 1997 сохтмони чойхона дар шаҳри Боулдер ва соли 1998 маросими расмии ифтитоҳи он сурат гирифт. Шаҳри Боулдер, аз ҷониби худ, ба шаҳри Душанбе “Маркази дӯстӣ-Интернет кафе”-ро тақдим намуд.

Бино ба маълумоти Сафорати ИМА дар Тоҷикистон, аз замони барқарории муносибатҳои дипломатӣ, Иёлоти Муттаҳида ба мардуми Тоҷикистон ба маблағи 1,8 миллиард доллар барои рушди иқтисодӣ, амнияти озуқаворӣ, тандурустӣ, таъминоти оби тоза, маориф, амният, дастрасӣ ба нерӯи барқ ва ба роҳ мондани равобити байнишахсӣ миёни мардуми кишварҳоямон, кумак кардааст:

“Ин барномаҳо барои раҳоии хонаводаҳо аз камбизоатӣ, коҳиши камғизоӣ, афзоиши саводнокӣ, эҷоди ҷойҳои нави корӣ, наҷот додани ҳаёти мардум ва ҳифзи Тоҷикистон аз таҳдидҳои амниятӣ кумак кардаанд”, — гуфта шудааст дар иттилоияи Сафорат.

Эътироф мешавад, ки миёни Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон шарикии қавӣ ва динамикӣ инкишоф ёфтааст. Ҳарду кишвар барои беҳбуди сатҳи зиндагии мардум дар Тоҷикистон ҳамеша равобити ҳамкориро нигоҳ дошта, дар масоили мавриди таваҷҷуҳи ҳарду кишвар, аз қабили ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон, мубориза бо терроризм ва ҷилавгирӣ аз тиҷорати мухаддирот ҳамкорӣ мекунанд.

Ҳамакнун Сафорати ИМА дар Душанбе ба нақша дорад, ки дар доираи таҷлили 30-умин солгарди равобити судманд ва дӯстона байни Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон дар давоми моҳҳои оянда як силсила чорабиниҳо ва маъракаҳоро баргузор намояд.

Ифтитоҳи намоиши аксҳои аксбардорони ҳаваскори тоҷик аз саросари Тоҷикистон (24-уми декабр), Нишасти матбуотӣ бахшида ба 30-умин солгарди муносибатҳои ИМА ва Тоҷикистон, нашри китоб оид ба таърихи муносибатҳои ИМА ва Тоҷикистон, нашри аксҳо дар бораи равобити Тоҷикистону Амрико, ифтитоҳи намоишгоҳи аксҳо бахшида ба муносибатҳои ИМА ва Тоҷикистон, нахустнамоиши филми мустанад дар бораи муносибатҳои ИМА ва Тоҷикистон, кушодашавии озмуни сурудҳои тоҷикию амрикоӣ (аз 11-ум то 14-уми январ), сафари гурӯҳи мусиқанавозони “The Fremonts” аз шаҳри Боулдери аёлати Колорадо дар Тоҷикистон (аз 17-ум то 23-уми январ), сафари гуруҳи мусиқанавозони марказии нерӯҳои ҳавоии ИМА (AFCENT) дар Тоҷикистон (аз 7-ум то 12-уми феврал), Фестивали намоиши филмҳои тоҷикию амрикоӣ (аз 14-ум то 19-уми феврал), рӯзи инноватсияҳо дар Маркази амрикоии шаҳри Душанбе (12-уми март), сафари мусиқанавозони тоҷику амрико дар доираи “Battle of the Bands” (март-апрел) ва Фестивали минтақавии Go Viral дар Душанбе 9 (май) аз ҷумлаи ин барномаҳо будаанд.

 

Сафирони ИМА дар Тоҷикистон:

16 марти соли 1992 Кордори муваққати ИМА дар Тоҷикистон Эдмунд Маквилямс сафорати ИМА дар Душанберо расман ифтитоҳ кард.

Стэнли Т. Эскудеро. Аз апрели соли 1992 то марти соли 1993 — Кордори муваққати ИМА дар Тоҷикистон. Аз марти соли 1993 то июни соли 1995 — Сафири Фавқулода ва Мухтори ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Руфус Грант Смит. 10 майи соли 1995 Сафири Фавқулода ва Мухтори ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Фаъолияти дипломатияшро дар Тоҷикистон моҳи августи соли 1998 анҷом дод.

Роберт Патрик Ҷон Финн. 22 октябри соли 1998 Сафири Фавқулода ва Мухтори ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Фаъолияти дипломатияшро дар Тоҷикистон моҳи июли соли 2001 анҷом дод.

Франклин Пирс Хаддл. 22 июни соли 2001 Сафири Фавқулода ва Мухтори ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Фаъолияти дипломатияшро дар Тоҷикистон моҳи октябри соли 2003 анҷом дод.

Ричард Ҳоугланд. 16 октябри соли 2003 Сафири Фавқулода ва Мухтори ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Фаъолияти дипломатияшро дар Тоҷикистон моҳи августи соли 2006 анҷом дод.

Трейси Энн Ҷейкобсон. 11 августи соли 2006 Сафири Фавқулода ва Мухтори ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Фаъолияти дипломатияшро дар Тоҷикистон моҳи августи соли 2009 анҷом дод.

Кеннет Гросс. 12 августи соли 2009 Сафири Фавқулода ва Мухтори ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Фаъолияти дипломатияшро дар Тоҷикистон моҳи июли соли 2012 анҷом дод.

Сюзан М. Эллиотт. 20 сентябри соли 2012 Сафири Фавқулода ва Мухтори ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Фаъолияти дипломатияшро дар Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2015 анҷом дод.

Элизабет И. Миллард. 20 январи соли 2016 Сафири Фавқулода ва Мухтори ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Фаъолияти дипломатияшро дар Тоҷикистон моҳи августи соли 2017 анҷом дод.

Айни замон Сафири Фавқулода ва Мухтори ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм мебошад, ки 15 марти соли 2019 ба ин вазифа таъин шуд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИМА Фаррух Ҳамрализода мебошад. Вай моҳи декабри соли 2020 ба ин вазифа таъин шуд.

 

Варақаи маълумот

25 декабри соли 1991: Иёлоти Муттаҳидаи Амрико истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт.

14 феврали соли 1992: Котиби давлатии ИМА Ҷеймс Бейкер III ва собиқ президенти Тоҷикистон Раҳмон Набиев дар Душанбе мулоқот карданд ва ба мувофиқа расиданд, ки муносибатҳои дипломатӣ барқарор кунанд.

19 феврали соли 1992: Қарор дар бораи барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби собиқ президенти ИМА Ҷорҷ Ҳ.В. Буш тасдиқ ва эълон карда шуд .

13 марти соли 1992: Нахустин Сафорати ИМА дар Душанбе аз ҷониби кордори муваққатӣ Эдмунд МакВилямс бо ҳайати ҳашт шаҳрванди Амрико ва 16 шаҳрванди Тоҷикистон таъсис дода шуд.

16 марти соли 1992: Нахустин Сафорати ИМА дар Душанбе дар ошёнаи чоруми собиқ меҳмонхонаи «Октябрская» (меҳмонхонаи ҳозираи «Авесто») расман ифтитоҳ ёфт.

1 июли соли 1992: Байни ИМА ва Тоҷикистон созишнома дар бораи муносибатҳои тиҷоратӣ ба имзо расид, ки ба ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, бонкдорӣ ва таъсиси корхонаҳои муштаракмусоидат намуд.

Июли 1992: Аввалин сафири ИМА дар Тоҷикистон – Стэнли Эскудеро ба Тоҷикистон омад.

Аз апрел то сентябри соли 1992: Кормандони Сафорати ИМА ҳар ду-се ҳафта ба мардуми Тоҷикистон тариқи роҳи ҳавоӣ маводи ғизоӣ ва доруворӣ интиқол медоданд. Кормандони сафорат корвонҳои аз панҷ то ҳашт мошини боркашро тариқи нуқтаҳои назоратии аз ҷониби нерӯҳои ҳукуматӣ ва нерўҳои мухолифин ташкилшуда, ба оилаҳо ва бемористонҳои ниёзманд бурда мерасонданд.

Аз соли 1992 то имрўз: Ҳукумати ИМА аз соли 1992 то инҷониб ба мардуми Тоҷикистон ба маблағи 75 миллион доллар кумаки башардӯстона дар шакли ғизо, сарпаноҳ, либос, доруворӣ, лавозимоти тиббӣ ва ҳатто кӯмаки молиявӣ расонидааст.

Аз соли 1992 то имрўз: Ҳукумати ИМА аз соли 1992 ба маблағи 130 миллион доллар ба деҳқонони Тоҷикистон барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва таъмини рӯзгори коргарон дар бахши кишоварзӣ кумак кардааст. Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) ба деҳқонон дар зиёд кардани фурӯши маҳсулот 16 миллион доллар кӯмак кард. Илова бар ин, USAID ба деҳқонон қарзҳо ба маблағи тақрибан 7 миллион доллар ҷудо намудааст

Аз соли 1992 то имрўз: Ҳукумати ИМА барои ҳифзи саломатии аҳолии Тоҷикистон аз соли 1992 то инҷониб ба Тоҷикистон беш аз 230 миллион доллар кумак расондааст.

Аз соли 1992 то имрўз: Аз соли 1992 инҷониб 3400 нафар аз Тоҷикистон тибқи барномаҳои мубодила, таҳти сарпарастии ҳукумати ИМА, ба Иёлоти Муттаҳида сафар кардаанд. Ҳукумати ИМА барои 188 донишҷӯи тоҷик барои дарёфти унвони илмӣ дар донишгоҳҳои Амрико ва Донишгоҳи Амрикоии Осиёи Марказӣ бурсия ҷудо кардааст. Илова бар ин, аз Тоҷикистон 1228 пешравон ва муттахассисони феъль ва оянда, барои сафарҳои омӯзишӣ, тавассути барномаҳои кутоҳмуддати мубодила ба Амрико сафар кардаанд.

25 октябри соли 1992: Кормандони Сафорати ИМА дар Душанбе бар асари задухӯрдҳои шадид дар пойтахт маҷбур шуданд, ки кишварро тарк кунанд.

20 марти соли 1993: Кормандони Сафорати ИМА ба Душанбе баргашта, кори муқаррарии худро идома доданд.

1994: Ташкилоти ғайридавлатии амрикоӣ мавсум ба «Наҷоти кудакон»» (Save the Children) барои барқарорсозии хонаҳо дар ноҳияҳои Бохтар, Вахш, Шаҳритус ва Кӯлоб, ки дар ҷанги шаҳрвандӣ хароб шуда буданд, 1,3 миллион доллар ҷудо кард.

1994: Аввалин гурӯҳи мактаббачагон тавассути барномаи FLEX, барои дар муддати як сол дар мактаби миёна амрикоӣ таҳсил намудан, ба ИМА сафар карданд. Аз он замон то инҷониб дар барномаи мазкур беш аз 930 шаҳрванди Тоҷикистон ширкат кардаанд, ки ҳар сол ба ҳисоби миёна 37 мактаббача барои таҳсил ба амрико сафар меунанд.

19 феврали соли 1995: Сафорати ИМА консерти дирижёри амрикоӣ Чарлз Ансбахерро дар Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ дар Душанбе ташкил намуд.

1995: Бо даъвати ҳукумати Тоҷикистон профессори соҳаи иқтисод Вилям Лер 8 моҳ дар Тоҷикистон ба ҳайси мушовир кор кард. Ӯ дар анҷоми фаъолияти худ тавсияҳое дод, ки барои ба иқтисоди бозорӣ гузаштани Тоҷикистон мусоидат карданд.

1992-1997: Ҳукумати ИМА ба Тоҷикистон ба маблағи 178 миллион доллар кумак расонд.

1992-1999: USAID дар омӯзонидани кормандони назарсанҷии интихоботӣ кумак кард ва Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсиро бо мавод ва таҷҳизот, барои ташкили интихобот, таъмин намуд.

1995-1998: USAID бо ҳукумати Тоҷикистон оид ба раванди хусусигардонӣ дар кишвар машварат гузаронидааст.

1995-1999: Хазинаи соҳибкории Амрико – Осиёи Марказӣ, ки аз ҷониби USAID маблағгузорӣ мешавад, ба корхонаҳои хусусии Тоҷикистон беш аз 3 миллион доллар қарз додааст.

1995: USAID дар Душанбе Маркази ташаббусҳои тиҷоратӣ ифтитоҳ кард, то ба соҳибкорони Тоҷикистон маълумот пешниҳод кунад ва инчунин барои кормандони калидии ҳукумат семинарҳои омӯзишӣ оид ба хусусигардонӣ ва дигар мавзӯъҳои марбут ба иқтисодро пешниҳод кунад.

1996: USAID ба шабакаҳои телевизионӣ ва радиоии мустақил дар Тоҷикистон бо тақдими таҷҳизот, омӯзиш ва кумаки техникӣ, барои беҳтар кардани сифати барномасозӣ ва идоракунии онҳо, ёрӣ расонд.

1996-1997: Ҳукумати ИМА ба Тоҷикистон ба сифати кумаки башардӯстона беш аз 68 тонна гандум тақдим намуд.

1997: Иёлоти Муттаҳида раванди сулҳро дар Тоҷикистон таҳти роҳбарии СММ дастгирӣ кард ва мунтазам бо ҳарду ҷониб дар гуфтушунид машваратҳо анҷом дод. Дар пайи имзои Созишномаи сулҳи Тоҷикистон Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба таври муваффақиятомез аз Бонки Ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор даъват кард, ки барои барқарории Тоҷикистон қарзу кумак ироа кунанд. USAID инчунин Шӯрои оштӣ ва Суди конститутсиониро дар татбиқ ва мониторинги раванди сулҳ дастгирӣ намуд.

1997: USAID дар таҳияи барномае кӯмак кард, ки ба деҳқонон имкон дод, то қарзҳои хурд дарёфт намоянд. Қарзгирандагон қарзҳои худро ба шакли тавзеъи маҳсулоти истеҳсолкардаи худ ба беморхонаҳои маҳаллӣ, ятимхонаҳо ва дигар муассисаҳои шабеҳ баргардониданд, ки чунин иқдом на танҳо ба худи соҳибкорон, балки ба табақаҳои осебпазир низ фоида овард.

1997: Пас аз паҳн шудани бемории домана дар Душанбе, USAID таъмиру тармими системаи обтаъминкунии шаҳрро маблағгузорӣ кард, то ки бӯҳронҳои минбаъда дар соҳаи беҳдошт пешгирӣ карда шаванд.

Аз соли 1997 то имрўз: Ҳукумати ИМА барои насб ва таъмири 3200 насоси обӣ ва чоҳҳое, ки беш аз 235 000 нафарро дар саросари Тоҷикистон бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин мекарданд, 20 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст.

1997-2000: USAID шаш маркази дастгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ, Панҷакент ва Душанбе таъсис дод.

1998: Чойхонаи «Боулдер-Душанбе» дар шаҳри Боулдери аёлати Колорадо кушода шуд. Чиҳил усто дар як қатор шаҳрҳои Тоҷикистон унсурҳои ороишии чойхонаро сохтаанд, ки шаҳрдории Душанбе ба Боулдер ҳадя кардааст.

1998-2000: USAID ба хоҷагиҳои деҳқононии минтақаҳои ҷангзада дар афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ кӯмак намуд, ки дар натиҷа дар давоми ҳамагӣ ду сол ҳосили гандум ва картошка аз се то чор баробар афзоиш ёфт.

1998-2002: Ҳукумати ИМА ба Тоҷикистон ба ҳаҷми 307 000 тонна маводи ғизоӣ ба маблағи 137 миллион доллар кумак расонд.

1998-2006: Лоиҳаҳои аз ҷониби USAID маблағгузоришуда ба идғоми муҷаддади беш аз 1200 ҷангҷӯи собиқ ва беҳтар намудани шароити зиндагии 140 000 оила дар минтақаҳои ҷангзада мусоидат намуданд. Дар доираи ин лоиҳаҳо барқарорсозии мактабҳо, дармонгоҳҳо, шабакаҳои обтаъминкунӣ, каналҳои обёрӣ, манзил ва неругоҳҳо сурат гирифт.

1998-2006: USAID дар 400 ҷамоати ноҳияҳои водии Рашт, вилояти Суғд ва вилояти Хатлон барои коҳиш додани манобеъи ташаннуҷ корҳо анҷом дод. Зиёда аз як миллион нафар аз аҳолии минтақаҳои мазкур аз тақрибан 740 лоиҳаи инфрасохтории аз ҷониби USAID дастгиришуда, аз қабили таъмири мактабҳо, марказҳои ҷавонон, дармонгоҳҳо, шабакаҳои хурди обтаъминкунӣ ва каналҳои обёрӣ баҳра бурданд. Ин ташаббусҳо хизматрасонии иҷтимоиро беҳтар кардан два дар натиҷа 8000 ҷойи корӣ ташкил дода шуд. Сафорат дар минтақаи аз ҷанг осебдидаи Кӯлоб ҳамчунин барқарорсозии беморхонаи ноҳиявӣ, мактаби миёна, иншооти обтозакунӣ ва чаҳор шабакаи обтаъминкунии деҳотро, ки ба беш аз 118 000 нафар хизмат мерасонанд, маблағгузорӣ кардааст.

1998-2017: Ҳукумати ИМА аз соли 1998 инҷониб сохтмон, тармим ё таъмири 117 мактаб ва 8 дармонгоҳ ё бемористонро дар саросари Тоҷикистон маблағгузорӣ кардааст, аз ҷумла лоиҳаҳои зерин қобили тазаккур мебошанд: дармонгоҳ дар Нулванд, дармонгоҳи тиббӣ дар Оби Теппа ва мактаби №23 дар ҷамоати Сари Чашмаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, беморхонаи минтақавӣ дар Қалъаи Хумб, дармонгоҳи деҳотии Тавилдара, дармонгоҳи деҳотии Шаҳритус, таваллудхона дар Сари-Чашма, дармонгоҳи деҳотии Корез, беморхонаи ноҳиявии Хатлон, мактаби №19 ноҳияи Ҳамадонӣ, ҷамоати деҳоти Ширин Чашма нохияи Точикобод дар водии Рашт, мактаби деҳотии Имом Мухиддин, мактаби №39 дар Исфара, мактаби №44 дар Душанбе, мактаби №67 шаҳри Исфара, мактаби нобиноёни шаҳри Душанбе, боғчаи «Парасту», мактаб дар Шуғнон, мактаби Ҷилга дар нохияи Шамсиддини Шохин, мактаби ибтидоии деҳаи Марҳамати ноҳияи Ашт, мактаби №31-и шаҳри Исфара, мактаби миёнаи №5 Қалъаи Хумб, мактаб-интернати барқарорсозии саломатии ноҳияи Рӯдакӣ, мактаби №49 дар Бохтар, мактаби №10 дар ноҳияи Тавилдара, мактаб-интернати нохияи Кумсангир, мактаб дар Лоҷирк, мактаби миёна дар ноҳияи Кулоб ва мактаб-интернати №1 дар Ғарм. USAID инчунин дар таъсиси кумитаҳои барқарорсозии мактабҳо мусоидат намуда ва барои дастгирии тармими 69 мактаб маблағгузории иловагӣ пешкаш кард.

1999: USAID ба амалигардонии барномаҳо барои ҷавонон шурўъ намуд, ки ҳадаф аз он расонидани кумак ба ҷабрдидагони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон буд.

2000: Ширкати «Оби зулол» ба сифати як корхонаи муштараки Тоҷикистону Амрико ба фаъолият шурўъ кард.

Аз соли 2001 то имрӯз: Сар карда аз амалисозии гранти 30 000-доллара дар соли 2001 барои анҷоми барқарорсозии муҷассамаи хобидаи Буддо дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Хазинаи Сафир барои барномаи нигоҳдории мероси фарҳангӣ беш аз 800 000 доллар барои маблағгузории 17 лоиҳа оиди ҳифзи мероси ғании фарҳангии Тоҷикистон ҷудо кардааст.

2001: Ба туфайли талошҳои USAID Радиои «Тироз» ҳамчун аввалин радиои мустақил дар Тоҷикистон таъсис ёфт.

2001: Ҳукумати ИМА ба осебдидагони заминларза дар Фархор (109 000 доллар) кумаки башардӯстона расонд.

2001-2014: Ҳукумати ИМА барои маблағгузорӣ ва мусоидат дар интиқоли доруҳо, ваксинаҳо ва лавозимоти тиббӣ ба маблағи беш аз 408 миллион доллар аз ташкилоти амрикоии «Project Hope» ба беморхонаҳо ва дармонгоҳҳои Тоҷикистон кӯмак кард.

Аз соли 2002 то имрўз: Аз соли 2002 ҳукумати ИМА ба соҳаи маорифи Тоҷикистон беш аз 100 миллион доллар кумак кардааст. Дар доираи барномаҳои USAID 28 000 омӯзгор таълим гирифтанд. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи саводнокӣ ва комёбӣ дар таҳсилот, USAID ба мактаббачагон дар саросари Тоҷикистон 1,6 миллион китоби кӯдакона тавзеъ намуд. USAID ҳамчунин 1560 китоб бо хати Брайл чоп карда ва 61 китоби аудиоиро барои кумак ба донишомўзони камбино ҷиҳати дастрасӣ ёфтан ба омўзиши басифат таҳия кардааст. USAID ҳамчунин барои мактаббачагон ва муаллимон хӯроки нисфирӯзии серғизо дар мактаб, инчунин доруҳои зидди паразитҳо, нигоҳубини тандурустии мактабӣ ва ташхиси биноӣ ва шунавоӣ ташкил намудааст. USAID дар барқарорсозии иншоотҳои обтаъминкунӣ ва санитарӣ дар мактабҳо кӯмак карда ва барномаҳои таълими саломатӣ барои ҳамаи синфҳо таҳия намудааст.

Аз соли 2002 то имрўз: Аз соли 2002 ҳукумати ИМА барои беҳтар кардани тавлид ва тавзеъи нерӯи барқ дар саросари Тоҷикистон 25 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст.

7 феврали соли 2003: Сафорати Тоҷикистон дар ИМА дар шаҳри Вашингтон ҳавзаи Колумбия ифтитоҳ ёфт.

2003-2007: Ҳукумати ИМА 27 мактабро дар доираи лоиҳаи USAID оид ба мушорикат дар таҳсилот ва таҳкими дониш (USAID/PEAKS) тармим кард.

2003: USAID дар барқарорсозии 12 истгоҳи обкашӣ дар вилояти Хатлон кӯмак кард, ки дар натиҷа ҳосили зироатҳо дар зиёда аз 20 000 гектар замин афзоиш ёфт ва зиёда аз 72 000 нафар аз онҳо баҳра бурданд.

Аз соли 2003 то имрӯз: Лоиҳаҳои ислоҳоти замини USAID ба беш аз 190 000 шаҳрванди Тоҷикистон кумаки мустақим расонидаанд

Аз соли 2003 то имрӯз: Иёлоти Муттаҳида барои ҷилавгирӣ аз густариши ВИЧ/СПИД ва бемории сил дар Тоҷикистон, коҳиш додани доғи бадгумонӣ, муайян ва кумак кардан ба мубталоёни бемориҳои мазкур ҷиҳати гирифтани муолиҷаи муассир беш аз 100 миллион доллар ҷудо кардааст.

Аз соли 2003 то имрӯз: Бо дастгирии Сафорати ИМА 130 гурӯҳи мусиқӣ, гурӯҳҳои рақсӣ, ҳунарпешагон ва сухангӯёни таълимӣ ҳунарнамоии хешро пешкаши тамошобинони тоҷик карданд.

2003-2009: USAID 23 мактаби такмили ихтисосро дар саросари Тоҷикистон бо мақсади табдил додани онҳо ба марказҳои таълими касбӣ ва манбаъи омўзиш барои мактабҳои атроф дастгирӣ намуд. Ин марказҳо ба 1500 омӯзгор усулҳои интерактивии таълим ва ба 600 маъмури маориф усулҳои самараноки идоракунии мактабҳоро ҷорӣ кардаанд.

2004: Вазорати кишоварзии ИМА барои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ба хоҷагиҳои деҳқонии Тоҷикистон 1000 тонна навъи нави гандуми серҳосили «Жагер-9»-ро тақдим намуд.

Аз соли 2004 то имрўз: Ҳукумати ИМА дар таъсиси Шӯрои Созишномаи чаҳорчӯбаи тиҷорат ва сармоягузории ИМА ва Осиёи Марказӣ (TIFA) дар соли 2004 кумак кард ва ҷаласаҳои солонаи кишварҳои узвро барои мусоидат ба рушди тиҷорат байни Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон ташкил намуд.

2004-2005: Ҳукумати ИМА дар пайи обхезӣ дар ноҳияи Варзоб дар соли 2004 (50 000 доллар) ва Панҷакент дар соли 2005 (600 000 доллар) ба мардуми Тоҷикистон кумаки изтирорӣ расонд.

2005: USAID истгоҳи обтаъминкунии Қизилқишлоқро таҷдид кард, ки иншооти муҳим барои идоракунии самарабахши минтақавии ҳавзаи оби Сирдарё маҳсуб меёбад. Инчунин дар соли 2005 USAID ба таҳияи қонуне мусоидат кард, ки заминаи ҳуқуқиро барои таъсис ва фаъолияти ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об фароҳам овард.

2005-инҷониб: Аввалин Марказҳои амрикоӣ дар Тоҷикистон, дар Кулоб ва Хуҷанд, кушода шуданд. Айни ҳол дар Тоҷикистон 8 Маркази амрикоӣ дар Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кулоб, Панҷакент, Исфара, Ғарм ва Хоруғ фаъолият мекунанд.

Аз соли 2005 то имрўз: Аз соли 2005 инҷониб USAID 72 ассотсиатсияи истифодабарандагони обро таъсис дод, ки дар натиҷа идоракунии обёрӣ барои беш аз 170 000 деҳқон беҳтар гардид ва ҳосили зироатҳо дар беш аз 204 000 гектар замин афзоиш ёфт.

Аз соли 2005 то имрўз: Иёлоти Муттаҳида аз соли 2005 инҷониб барои беҳбуди вазъи саломатии модару кӯдак ва тандурустии Тоҷикистон ҳудуди 30 миллион доллар кумак кардааст, ки мизони бозмони инкишофи кудак, камбудии ғизо ва вафти кӯдаконро коҳиш додааст. Бо ин мақсад, USAID қонун дар бораи ғанигардонии орд дар Тоҷикистонро барои зиёд кардани миқдори маводи ғизоии солим дар ғизои ҳаррӯзаи одамон ва коҳиш додани камғизоӣ дастгирӣ намуд. Соли 2019 парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон ин қонунро ба тасвиб расонд.

Аз соли 2005 то имрўз: Зиёда аз 100 нафар амрикоиҳо ба ҳайси омўзгорони забони англисӣ дар доираи барномаи Фулбрайт, муҳаққиқон, олимон, стипендиатҳои забони англисӣ ва мутахассисони забони англисӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд, то дониш ва фарҳанги хешро дар байни шунавандагон, муаллимон, донишҷӯён ва мактаббачагони тоҷик ташвиқу тарвиҷ кунанд.

2006: Ҳукумати ИМА ба осебдидагони заминларзаи соли 2006 дар Қумсангир кумаки башардӯстона расоинд (24 000 доллар)

28 июни соли 2006: Бинои кунунии Сафорати ИМА дар Душанбе бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфт.

Аз соли 2006 то имрўз: Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон 27 иншооти сарҳадӣ, аз ҷумла 13 посгоҳи сарҳадӣ, 9 иншооти гузаргоҳи сарҳадӣ, 2 отряди нерӯҳои марзбонӣ ва се маркази таълимӣ бо харҷи беш аз 25 миллион доллар бунёд ва ё таъмир кардааст. Сафорат ҳамчунин барои кумак ба марзбонони тоҷик дар ҳифзи марз беш аз 4500 дастгоҳи радиоӣ, 400 мошин, 1600 дастгоҳи биниши шабона ва 160 километр ҳисгарҳои заминӣ тақдим кардааст. Қобили зикр аст, ки ҳукумати ИМА як қатор лоиҳаҳои муҳими сохтмониро маблағгузорӣ намудааст, аз ҷумла Маркази миллии таълимии «Қаротоғ»-и Вазорати мудофиа (7 миллион доллар), Академияи таълимии Хадамоти гумрук (3,4 миллион доллар), Маркази таълимии минтақавии Агентии амнияти радиатсионӣ дар Душанбе (1 миллион доллар) ва Отряди сарҳадии Шӯрообод (1,7 миллион доллар).

2007: Ҳукумати ИМА тавассути Корпуси муҳандисони артиши Амрико аввалин пули бузурги байни Тоҷикистону Афғонистонро дар Панҷи Поён бо харҷи 37 миллион доллар бунёд кард. Иёлоти Муттаҳида 11 миллион доллари изофӣ барои сохтмони иншооти муосири гумрукӣ, казармаҳои марзбонӣ, сканерҳои сайёр ва иншоотҳои дигар дар ҳар ду тарафи пул маблағгузорӣ кард.

Зимистони солҳои 2007-2008: Вақте ки сардии шадид ва қатъи нерӯи барқ боиси гуруснагӣ ва мушкилоти дигар гардид, Иёлоти Муттаҳида ба мардуми ниёзманд 1 миллион доллар кӯмаки мустақими нақдӣ дар баробари 259 000 ҷираи ғизоии ҳаррӯза, кӯрпа, рахти хоб, либос, сӯзишворӣ ва хизматрасониҳои тиббӣ расонид ва ба маблағи умумии 5 миллион доллар барои расонидани кӯмаки таъҷилӣ ҷудо гардид. Созмонҳои хайриявӣ ва ширкатҳои хусусии Амрико низ дар он мавсими зимистон ба мардуми тоҷик ба маблағи 10,7 миллион доллар кумак карданд.

2009: Дар Душанбе Маркази дустии «Боулдер» ифтитоҳ ёфт. Ин марказ тӯҳфаи шаҳри Боулдер ба Душанбе дар доираи муносибатҳои бародаршаҳрии онҳо мебошад, ки соли 1987 оғоз шуда буд.

Аз соли 2009 то имрўз: Ҳукумати ИМА дар доираи барномаи таълими забони англисӣ 260 нафар омӯзгоронро оид ба усулҳои самараноки таълими забони англисӣ омӯзонд.

Майи соли 2010: Дар пайи сар задани обхезӣ ва сел ба сари сокинони минтақаи Кӯлоб, ҳукумати ИМА барои кумак ба хонаводаҳои осебдида дар ноҳияҳои Восеъ, Темурмалик, Мӯъминобод, Ховалинг, Шоҳин, Балҷувон, Шаҳритус ва Ҷиликӯл беш аз 1,1 миллион доллар кумаки башардӯстона ироа кард. Кӯмак дар шакли хаймаҳо, рахти хоб ва лавозимоти тиббӣ тақдим карда шуд.

2010: Пас аз хуруҷи бемории фалаҷи атфол, USAID ба 900 000 кӯдак дар саросари Тоҷикистон ваксинаҳои зидди фалаҷи атфол тавзеъ намуд.

Аз соли 2011 то имрўз: USAID Форуми солонаи тиҷоратии Осиёи Марказиро ташкил кард, ки дар он садҳо намояндагони ҳукумат, ширкатҳои тиҷоратӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ аз Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида барои омӯхтани имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ҷамъ меоянд.

2012: Вазорати мудофиаи Иёлоти Муттаҳида барои мубориза бо камғизоӣ ва беҳбуди саломатии умумии кӯдакон ба 2 миллиону 600 ҳазор кӯдак ва наздик ба ду миллион зан дар саросари Тоҷикистон ба миқдори ҳашт миллион ҳаб кумак кардааст, то онҳо аз кирмҳои паразитии рӯдаҳо пок шаванд.

Аз соли 2012 то имрўз: Иёлоти Муттаҳида пас аз ба Тоҷикистон тӯҳфа кардани як мошини безараргардонии минаҳо «MineWolf» ба маблағи 1,2 миллион доллар ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар соли 2012 дар поксозии беш аз 6840 мина дар марзи Тоҷикистону Афғонистон кумак кардааст. Бартараф кардани ин минаҳо ҳаёти сершуморро наҷот дода, 230 гектар замини кишоварзиро барои кишту парвариш ва чарогоҳ бехатар гардонд.

2013: Ҳукумати ИМА дар мусоидат ба шомилшавии Тоҷикистон ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат (СҶТ) дар моҳи марти соли 2013 нақши калидӣ бозид. USAID дар таҳияи Ёддошти шомилшавии Тоҷикистон ба СҶТ дар соли 2003 кумак кард ва ба таҷдиди назар кардани миқдори назарраси муқаррарот дар Тоҷикистон, аз ҷумла сиёсатгузориҳо дар робита ба дастрасии молу хизматрасониҳо ба бозорҳо кумак намуж. USAID маркази иттилоотии СҶТ таъсис дод, фаҳмиши мансабдорони давлатӣ, соҳибкорон ва ассотсиатсияҳои соҳибкоронро оид ба масъалаҳои шомилшавӣ ба СҶТ васеъ намуд ва барои мутобиқ кардани қонунгузории тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ба қоидаҳои СҶТ мусоидат намуд.

2013: Ҳукумати ИМА барои дастгирии лоиҳаи Осиёи Марказӣ – Осиёи Ҷанубӣ (CASA-1000) барои насби хатти интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Осиёи Ҷанубӣ 15 миллион доллар ҷудо кард.

2015: Ҳукумати ИМА ба осебдидагони сел дар Барсем, Колхозобод ва ноҳияи Рашт дар соли 2015 (60 ҳазор доллар) ва ба осебдидагони заминларза дар ноҳияҳои Дарвоз, Рӯшон, Шуғнон ва Ванҷ (100 000 доллар) кумаки башардӯстона расонд.

Ноябри соли 2015: Барои рушди минбаъдаи робитаҳои иқтисодии минтақавӣ ва ҳамкориҳои сиёсӣ, Иёлоти Муттаҳида форуми «C5+1»-ро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсис дод ва то кунун ҳамасола мулоқотҳои бисёрҷониба байни ҳукуматҳои дахлдорро ташкил мекунад.

2017: USAID реҷаи кӯтоҳтари муолиҷаи бемории сили ба доруҳои сершумор тобоварро ҷорӣ кард, ки дар натиҷа давраи табобат аз ду сол то ба нуҳ моҳ коҳиш ёфт. Гурӯҳи аввали 324 беморон пас аз анҷоми режими кӯтоҳтари табобат комилан шифо ёфтанд.

2018: USAID ба роҳандозии системаи автоматикунонидашудаи бақайдгирии электронӣ кӯмак кард, ки муддати бақайдгирии заминро аз як моҳ то ба якчанд соат коҳиш дод.

2019: USAID дар баргузории нахустин музоядаи замин дар таърихи Тоҷикистон кумак кард.

Сентябри соли 2020: USAID лоиҳаи панҷсолаи амнияти озуқавориро ба маблағи 36 миллион доллар барои коҳиш додани гуруснагӣ, камғизоӣ ва камбизоатӣ дар Тоҷикистон оғоз кард.

Сентябри соли 2020: USAID лоиҳаи панҷсола бо арзиши 12 миллион долларро барои таъмини дастрасии одилона ба оби ошомидании бехатар дар ҷамоатҳои деҳоти Тоҷикистон оғоз кард.

Ноябри соли 2020: USAID дар Мурғоб як нерӯгоҳи офтобии 220 киловаттаро барои интиқоли барқ ба деҳаҳои дурдасти ин минтақа бунёд кард.

Майи соли 2021: USAID барномаи нави панҷсолаи минтақавии энергетикӣ – «USAID Power Central Asia Activity» дар Тоҷикистон ба маблағи 39 миллион доллар оғоз кард.

Майи соли 2021: USAID лоиҳаи панҷсоларо ба маблағи 24 миллион доллар барои таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ оид ба идоракунии захираҳои муштараки об дар ҳавзаи Сирдарё ва Амударё оғоз намуд.

2020-2021: Дар давраи пандемияи COVID-19 USAID таҳия ва пахши зиёда аз 160 барномаи телевизионии таълимиро дастгирӣ намуд, ки дар саросари кишвар пахш мешаванд. USAID инчунин ду замимаи мобилиро таҳия кард, ки ба мактаббачагон барои беҳтар кардани малакаҳои хониш кӯмак мекунанд.

2020-2021: Иёлоти Муттаҳида барои кӯмак ба Тоҷикистон дар мубориза бо пандемияи COVID-19 ва оқибатҳои он ба маблағи беш аз 12 миллион доллар кумак ва наздик ба 2,5 миллион ваксинаи COVID-19 дастрас намудааст. Дар доираи ин кумак таҷҳизоти ташхиси лабораторӣ, дастгоҳи экосистемаи оксиген ва лавозимот тақдим гардида, барои кормандони соҳаи тиб дар саросари кишвар дарсҳои омўзишӣ ташкил карда шуданд. Дастгирии мазкур иқтидори Тоҷикистонро ҷиҳати аксуламал ба пандемияи кунунӣ ва инчунин омодагӣ ба таҳдидҳои оянда ба беҳдошти мардум мунтазам тақвият дод.