Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Ёрии USAID барои муқобила бо бемории сил


28.04.2021 23:14

: 243

Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар доираи “Лоиҳа оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ” ҷиҳати дарёфти ҳолатҳои бемории сил ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва шӯъбаи тиббии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон таҷҳизоти техникӣ кумак кардааст.

Ин кумакҳо бахшида ба рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сил ва пешрафти талошҳои муштараки дуҷониба бо мақсади барҳам додани бемории сил дар Тоҷикистон расонида шудаанд:

“Таҷҳизоти мазкур аз телефонҳои хушманд ва планшетҳо барои зуд дарёфт ва табобат кардани ҳолатҳои бемории сил, дастгоҳ барои гузаронидани видео-конфронсҳо ва таҷҳизот барои назорати микроиқлим иборат буда, аз ҷониби кормандони саҳроӣ ва ҳайати кормандони шабакаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ истифода бурда мешаванд. Таҷҳизоти мазкур дарёфти ҳолатҳои бемории силро беҳтар намуда, риояи реҷаи табобатро тақвият мебахшад ва донишу малакаи кормандони тиб дар соҳаи мубориза бо сил вусъат хоҳад дод, ки махсус барои кормандони тиббии ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ хеле муфид мебошад. Таҷҳизот барои видео-конфронсҳо ҷиҳати омӯзонидани ҳайати силшиносони муассисаҳои ислоҳотӣ, инчунин барои таъмини дастрасӣ ба видео-конфронсҳо бо силшиносони дигар ҷиҳати арзёбии беморон ва таъини реҷаи табобат ҳангоми дар маҳбас будани онҳо истифода бурда мешавад”, – хабар дод Сафорати ММА дар Тоҷикистон.

Зимнан, Тоҷикистон дар қатори 30 кишваре арзёбӣ мешавад, ки аз ҷониби Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳамчун дорои ҳолатҳои вазнини бемории сили ба доруворӣ устувор ва бемории сили ба дорувориҳои сершумор устувор муайян гардидааст. Дар Тоҷикистон 7700 ҳолати бемории сил тахмин шудааст, ки дар натиҷа солона ба тақрибан 730 ҳолати фавт аз бемории сил мерасонад.

Зимни супоридани таҷҳизотҳо директори намояндагии USAID дар Тоҷикистон Кит Симмонс гуфт, “кумак ва ҳамкории мо кафолат медиҳад, ки мардум табобати дуруст дар вақти муносиб бигирад. USAID тақвияти соҳаи тандурустиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ менамояд ва мо якҷоя ояндаи дурахшонро бунёд хоҳем кард”.

Зикр мегардад, ки бо талошҳои муштараки Ҳукумати ИМА ва Ҳукумати Тоҷикистон ва шарикони байналмилалӣ, Тоҷикистон дар самти коҳиш додани сатҳи беморӣ ва фавт аз бемории сил ба комёбиҳои назаррас ноил гардид.


Комментарии для сайта Cackle