Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Нархи парвозҳои чартериро арзон кардаанд


28.04.2021 08:55

: 37

Бино ба хабарҳо, ширкатҳои русӣ нархномаи худро ба Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод карда, ҳамакнун дигар ҳуқуқ надоранд, ки чиптаҳоро аз ин нишондод болотар ба фурӯш гузоранд.

Хабаргузории “Спутник” бо истинод ба суханони директори Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон Икром Субҳонзода навишт, чор ширкати ҳавонавардӣ - “Уралские авиалинии”, “Ют Эйр”, “Сибир” ва “Северний ветер”, ки ҳамарӯза ба шаҳрҳои мухталифи Русия парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳанд, нархномаи худро пешниҳод кардаанд:

“Бино ба асноде, ки онҳо пешниҳод кардаанд, нархи як чипта аз 3 то 8, 5 ҳазор сомонӣ арзиш дошта, нархи миёнаи арзиши чипта барои парвоз ба самти Русия 6 – 6,5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ин нархҳо аз дуриву наздикии манотиқе вобаста аст, ки ба онҳо парвоз анҷом дода мешавад. Ширкатҳо ҳуқуқ надоранд, ки чиптаро аз ин зиёд фурӯшанд”, - гуфтааст Субҳонзода.

22 апрел дар пайи интиқоду сарусадоҳо дар бораи ба нархҳои “осмонӣ” фурӯхта шудани чиптаҳои самти Русия аз сӯи чаҳор ширкати русӣ - “Уралские авиалинии”, “Ют Эйр”, “Сибир” ва “Северний ветер” – Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон аз намояндагиҳои онҳо дар Тоҷикистон тақозо кард, ки нархҳои худро поин баранд.

Ба гуфтаи директори Агентӣ, вобаста ба ин ки ширкатҳо нархҳои худро муайян кардаанд, ба ҳукумати Тоҷикистон ва чаҳор мақомоти қудратӣ – прокуратураи нақлиёт, вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Агентии мубориза бо коррупсия бо замима кардани нархномаҳо мактуб фиристода шудааст:

“Аз сохторҳои қудратӣ хоҳиш намудем, ки барои беасос баланд фурӯхтани нархи чипта ва зиёд нафурӯхтан аз он нархномае, ки худи ширкатҳо муайян кардаанд, чораандешӣ карда шавад”, - гуфтааст ӯ.

Тибқи иттилои Агентии авиатсияи гражданӣ, ҳоло ҳамарӯза 8 то 10 парвози чартерӣ ба шаҳрҳои гуногуни Русия, аз ҷумла Маскав, Санкт-Петербург, Қазон, Уфа, Сочи, Екатеринбург, Новосибирск, Самара, Красноярск, Краснодар ва ғайра, парвозҳои чартерӣ анҷом дода мешаванд.


Комментарии для сайта Cackle