Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

“Хундай-Старекс” баъди садама оташ гирифт


27.04.2021 09:38

: 53

Дар натиҷаи як садамаи нақлиётӣ дар қаламрави Дӯстӣ 2 нафар ба ҳалокат расида, 9 каси дигар маҷруҳ шудаанд. Дар ин бора Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандӣ дар вилояти Хатлон хабар дод:

“Ғайр аз ронанда дар ин садамаи маргбор ҳама ҷавононе буданд, ки ҳамагӣ аз 17 то 19 сол доштанд. Дар хабар муфассал гуфта нашудааст, ки ин зодагону сокинони шаҳри Душанбе чӣ сафаре ба Қубодиён доштанд, вале мусибат замоне расидааст, ки мошин ба девори бетонии канори роҳ бархӯрдаву оташ гирифтааст”, - омадааст дар хабаре, ки сомонаи КҲФ Тоҷикистон нашр кард.

Ин ҳодиса шоми 24-уми апрел рух додааст: нақлиёти тамғаи “Хундай-Старекс”, ки онро як сокини 32-солаи деҳаи Шараф, ҷамоати деҳоти Зайналободи ноҳияи Рӯдакӣ идора мекард, ба девори бетонии ҳошияи роҳ бархӯрда, чаппа шудааст ва ҳамзамон оташ гирифтааст.

Ба маълумоти манбаъ, ин мошин аз шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Қубодиён  дар ҳоли ҳаракат буд ва дар қаламрави деҳаи Донашикани ҷамоати деҳоти Нури Вахши ноҳияи Дӯстӣ дучори садама шуд.

“Дар ин садамаи мудҳиш 11 нафар маҷрӯҳ шудаву бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхонаи марказии Дӯстӣ бистарӣ шудаанд. Ду нафар аз ҷумлаи онҳо, ки ҷавонони 18-сола буданд, дар бемористон бар асари ҷароҳати вазнин ба ҳалокат расидаанд”, – омадааст дар хабар.

Зикр мегардад, ки ҳамаи мусофирони маҷрӯҳшудаи ин мошин ҷавонони 17-19-сола ва ҷумлагӣ сокинони шаҳри Душанбе будаанд.

Мақомот сабабҳои ин садамаи фоҷиаборро меомӯзанд.


Комментарии для сайта Cackle