Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

“Истиқлол” – тӯфоне дар майдонҳои араб


26.04.2021 07:23

: 412

Дастаи тоҷикистонӣ пурқувваттарин бошгоҳи футболи Осиёро голборон кард, ҳамлакунандаи “Истиқлол” - беҳтарин бозигари дидор бо “Ал-Ҳилол”, се бозигари “Истиқлол” ба мунтахаби рамзии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё шомил шуданд... Ин аз ҷумлаи муҳимтарин ахбори марбут ба футболи Осиё дар ду рӯзи ахиранд.

Мухтасари хабар ин аст, ки дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистон дар даври дуввум (дидори чорум)-и марҳилаи гуруҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 яке аз пурқувваттарин дастаҳои Осиё – “Ал-Ҳилол”-и Арабистони Саудиро бо ҳисоби бузурги 4:1 шикаст дод.

Ду рӯз қабл дидори аввал бо ҳисоби 3:1 ба фоидаи саудиҳо анҷом ёфта буд.

Ҳамин тавр, баъд аз чор бозӣ (ду ғалаба, як мусовӣ ва як бохт) “Истиқлол” ҳоло бо 7 хол дар гуруҳи “А” садрнишин аст. “Ал-Ҳилол” (Арабистони Саудӣ), ки низ 7 хол дорад, аз ҳисоби таносуби тӯбҳо дар ҷойи дуюм қарор дорад. Дар ҷойҳои сеюму чорум бо чорхолӣ мутаносибан “Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай” (АМА) ва АГМК (Ӯзбекистон) ҷойгиранд.

Қабл аз бозии аввалаи ин ду даста, ки 21 апрел баргузор шуд, дар матлабе навиштам, ки “Истиқлол” пешорӯи як имтиҳони ҷиддӣ қарор дорад, чун имконоти “Ал-Ҳилол” – ҳамчун яке аз муддаиёни қаҳрамонӣ, ҳанӯз маълум нест. Дарвоқеъ, дастаи тоҷикистонӣ бо таҷрибаи камтаре, ки дошт, дар он дидор бо бохт рӯ ба рӯ шуд: 3:1 ба фоидаи дастаи саудӣ.

Ин маротиба сарнавишт гардиши чархи гардунро маҳз ба суди “Истиқлол” навишт: 4:1 ба фоидаи дастаи тоҷикистонӣ. “Истиқлол” саудиҳоро (ва натанҳо) водор кард, ки футболи тоҷикро бо чашми кам набинанд: ин ҳанӯз оғоз аст.

Аммо дидори дуюми “Истиқлол” бо “Ал-Ҳилол”. Ин бозӣ барои солиёни зиёд дар хотираи мухлисони футболи тоҷик боқӣ хоҳад монд. Бояд чунин бошад. На танҳо аз ин дидгоҳ, ки “Истиқлол” саудиҳоро дар замини худашон, ба қавле, “торумор кард”.

Аввалан, таври маълум, ин дебюти дастаи тоҷикистонӣ дар марҳилаи гуруҳии Лигаи қаҳрамонҳост. Ҳар дастовард дар ин марҳила қобили ситоиш аст. Берун аз Тоҷикистон, бахусус, онҳое, ки “Истиқлол” барояшон ношинос буд ва дар ҷумҳурӣ ҳам, хеле кам бовар доштанд, ки дастаи тоҷикистонии дар мусобиқаҳои бузург камтаҷриба чунин як тӯфоне бармеангезад.

Дуввум, дар гуруҳи “А” маҳз “Истиқлол” аутсайдери асосӣ дониста мешуд. Аз хулосаи коршиносони соҳа ва шартбандиҳои ширкатҳои букмекерӣ ҳаминро дарёфтан мумкин аст. Аммо “Истиқлол” ҳеҷ будани гегемонияи футболи арабиро ба намоиш гузошт.

Саввум, “Истиқлол” бо ин бозияш дастаеро ба зону шинонид, ки яке аз беҳтаринҳо ва пурқудраттаринҳо дар Осиё маҳсуб мегардад (“Ал-Ҳилол” дар феҳристи AFC дар мақоми дуюм қарор дорад), ҳафт маротиба ба финали ин мусобиқа роҳ ёфта, се маротиба (охирин бор соли 2019) қаҳрамон шудааст.

Чаҳорум, ғалабаи “Истиқлол” бар “Ал-Ҳилол” бо ҳисоби бузург ягон мӯъҷиза нест. Ин натиҷаи талошу заҳматҳост. Ҳар касе, ки ин бозиро тамошо кард, ҳар касе, ки футболи тоҷик барояш аҳамият дорад, бояд ин заҳмату талошҳоро эътироф ва қадр кунад. Бозигарони дастаи тоҷикистонӣ наздик ба сад дақиқа (ба иловаи вақтҳои изофӣ дар ҳарду қисми бозӣ) давиданд, часпу талош карданд. Натиҷа ин шуд, ки дар табло дидему ҳоло васф мекунем.

Панҷум, бозии “Истиқлол” нисбат ба ҳариф аз лиҳози техникаву тактика, сифати идоракунии тӯб, гузаришу партофтҳо як сару гардан боло буд. Оморро бубинед:

“Ал-Ҳилол”: 77% идоракунии тӯб, 19 зарба (аз ҷумла, 6 зарбаи мустақим), 6 зарбаи кунҷӣ, 1 сейв, 731 партофт, 121 ҳамла (аз ҷумла, 116 ҳамлаи хатарнок), 1 гол.

“Истиқлол”: 23% идоракунии тӯб, 13 зарба (аз ҷумла, 5 зарбаи мустақим), 2 зарбаи кунҷӣ, 5 сейв, 221 партофт, 68 ҳамла (аз ҷумла, 37 ҳамлаи хатарнок), 4 гол.

Шашум, голҳо. Эҳ, ин голҳое буданд, ки... Дидани голҳову лаззат бурдан аз онҳо худ бозгӯкунандаи футболи зебои “Истиқлол” аст. Чӣ голҳои яке аз дигарӣ зебову диданитар. Маҳз зарбаҳои дақиқу нишонрас ва ҳадафнок ва аксаран аз масофаи дур буданд, ки шоҳиди голҳои зебо шудем. Ин ҷо маҳз ба дақиқияти зарбаҳо бояд таваҷҷуҳ кард: 5 зарбаи мустақим – 4 гол. Яъне, 80 дарсади зарбаҳо рост ба ҷое зада шуданд, ки бояд зада мешуданд. Дар футболи бузург ин нишондоди хеле баланд ва баёнгари сатҳи болои касбияти бозигар шуморида мешавад. Ва ин ҳам дар ҳоле, ки дутои ин голҳои “Истиқлол”-ро ҳимоягар зада бошад.

Ва ниҳоят, якдиливу ҳамдигарфаҳмӣ дар майдон дар ин ғалаба саҳми бузург дошт.

Ва натанҳо ин. Ҳимоягари “Истиқлол” Манучеҳр Сафаров, ки дар ин бозӣ ду гол зад, беҳтарин бозигари ин дидор шуд. Ҳамчунин, се бозигари дастаи тоҷикистонӣ - Манучеҳр Ҷалилов ва Манучеҳр Сафаров, ки дар ин бозӣ дуголӣ заданд ва ҳимоягар Алексей Ларин ба мунтахаби рамзии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё шомил шуданд.

Мехоҳем ё не, “Истиқлол” таърихи футболи тоҷикро навишта истодааст. Дар майдони хонагӣ мағлуб кардани яке аз муқтадиртарин дастаҳои осиёӣ – “Ал-Ҳилол”, ки имсол ҳам яке аз номзадҳои асосӣ ба қаҳрамонӣ дар ин мусобиқа дониста мешавад, гапи хеле бузург аст.

Мехоҳем ё не, “Истиқлол” таърихи футболи тоҷикро дар майдонҳои бузурги Осиё муаррифӣ карда истодааст. Лигаи қаҳрамонҳои Осиё ба зоти худ камтар аз Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо нест. Ин ҷо низ дастаҳое ҳастанд, ки маъруфтарин бозигарони аврупоиву амрикои лотиниро доранд. “Истиқлол”, ки бори аввал аст дар ин мусобиқа иштирок мекунад, аллакай гӯшу ҳӯши олами футболи Осиёву Аврупоро ҷалб кардааст.

Дуруст аст, ки ба ин ҳисоб ғалаба кардани “Истиқлол” як кори намешуданӣ набуд: тавре зикр шуд, баъди дидори аввал ва шартгузориҳои букмекерӣ хеле кам афроде буданд, ки ҳадди ақал, ба мусовӣ анҷом ёфтани дидори дуввум шубҳа доштанд. Аммо ҳамин “кори намешуданӣ - шуд”: “Истиқлол” бо ҳисоби бузург ғалаба карду акнун садрнишини гуруҳи “А” дар марҳилаи гуруҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё аст.

Ҳанӯз соли 2010, замоне ки “Истиқлол” акнун дар футболи калон аз худ дарак медод, президенти бошгоҳ Шоҳрух Саидзода дар суҳбате ихтисосӣ бо муаллифи ин сатрҳо изҳор дошт, ки ҳадаф ва орзуяш ба майдонҳои бузурги Осиё (Лигаи қаҳрамонҳои AFC) бурдани даста ва ба ин васила муаррифӣ кардани футболи тоҷик аст. Агар ба таърих ва дастовардҳои “Истиқлол” дар тамоми давраи мавҷудияташ назар андозем, рӯшан аст, ки чӣ гуна марҳила ба марҳила, дар пеши чашми мо ин даста ба яке аз бошгоҳҳои маъруфу қудратманд дар минтақа табдил меёбад.

То ду-се соли қабл ба Лигаи қаҳрамонҳои AFC баромадани дастаҳои тоҷикистонӣ танҳо орзу буд. Акнун воқеиятеро мебинем, ки дар пайи татбиқи ҳадафҳои мушаххас ба даст омаданд. Фикр мекунам, орзу ва ҳадафи болозикри Шоҳрух Саидзода маҳз ба ҳамин рӯзҳо, ба ҳамин шодиву хурсандиҳо, ба ҳамин дастоварду таърихнависиҳо расонидани футболи тоҷику мухлисонаш буд, ки ба ҳар ҳол, муваффақ шуд. Ҳамин, ки ба роҳ баромадем ва ин роҳи росту дурусту муваффақият будааст, хеле дастовард аст, васфшуданист.


Довуд Исматӣ

ИмрӯзNews


Комментарии для сайта Cackle