Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Эътирози Тоҷикистон ба амалҳои ғайриқонунии марзбонони қирғиз


29.04.2021 08:39

: 207

Сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон даъват шуда, дар робита ба амалҳои ғайриқонунии марзбонони қирғиз нисбат ба ду ноболиғи тоҷикистонӣ нотаи эътирозӣ супорида шудааст.

Мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо Сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон Ҷаниш Рустенбеков рӯзи 27 апрел сурат гирифтааст:

“Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Сафири Қирғизистон ёддошт супорид, ки дар он ҷониби Тоҷикистон аз амалҳои ғайриқонунии намояндагони Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон нисбат ба ду шаҳрванди ноболиғи Тоҷикистон дар минтақаи Кулики Ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара изҳори нигаронии амиқ кардааст”, - хабар дод Вазорати корҳои хориҷӣ.

Ҳусейнзода ғайри қобили қабул будани чунин амалҳои ғайриқонуниро, ки сабаби ташаннуҷ дар минтақаи наздимарзӣ гардидаанд, изҳор намудааст.

Ҳамчунин, муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз ҷониби Қирғизистон даъват кардааст, ки барои ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳгорон тадбирҳои фаврӣ андешида, аз натиҷаи он ба ҷониби Тоҷикистон хабар диҳанд:

“Муовини вазир иброз намуд, ки ҷониби Тоҷикистон ҷонибдори рушди муназзами муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии нек бо Қирғизистон дар шароити сулҳ, субот ва эҳтироми тарафайн дар асоси анъанаҳо ва арзишҳои муштараки маънавию фарҳангии ду халқи бародар мебошад”, - омадааст дар хабар.

Қабл аз ин сокинони ҷамоати Ворухи Исфара гуфтанд, марзбонони қирғиз талош кардаанд, ки чаҳор наврасро бо худ баранд, аммо ду нафар фирор карда, дуи дигар ба даст афтодаанд. Ин ҳодиса рӯзи 25-уми апрел ва замоне рух додааст, ки чаҳор хонандаи мактаби рақами 23-и ҷамоати Ворух барои чаронидани чорво ба мавзеи Хоҷаи Fорбобо рафтаанд.

Ба нақли сокинон, сарҳадбонҳои Қирғизистон талош кардаанд, ки онҳоро ба ҷониби деҳаи Оқсойи он кишвар баранд. Дар ниҳоят ду наврас фирор карда, дуи дигар аз тарафи марзбонони Қирғизистон дастгир карда шудаанд.

Аз ду наврасе, ки марзбонҳои кишвари ҳамсоя дастгир ва сипас дар пайи мудохилаи намояндагони мақомот озод шудаанд, Осимӣ ва Исфандиёр ном бурда мешавад.

Ба гуфтаи вакили маҳаллаи Заҳматободи ҷамоати Ворух Бадриддин Шарифов, ки ҳамзамон бобои яке аз хурдсолони фироркарда аст, наберааш ба ӯ телефонӣ аз дастгир шудани ду ҳамсолаш хабар дод:

“Ман зуд ба маҳаллаи Fорбобо рафтам. Аллакай онҳоро бурда буданд. Ба раиси ҷамоат занг задам, телефонро набардошт. Ба фармондеҳи қисми сарҳадбонӣ дар Ворух занг задам. Гӯширо бардошту зуд бо мошин омад, вале балони мошинаш кафид. Пиёда ба самте, ки бачаҳоро бурданд, давидем. Ӯ бо марзбонони қирғиз гуфтугӯ карда, ҳардуро гирифта овард”, - нақл кардааст ӯ ба “Озодӣ”.

Ба гуфтаи Шарифов, вақте наврасонро оварданд, “ҳарду сахт тарсхӯрда ба назар мерасиданд”. Наврасон гуфтаанд, аз рафтан бо сарбозони қирғиз худдорӣ карданд, вале марзбонон маҷбур кардаанд.

Урунбой Холиқов, мудири мактабе, ки наврасон дар он ҷо таҳсил мекунанд, ба гуфтааст, “марзбонони қирғиз наврасонро латукӯб карда, бо мили автомат тарс додаанд”.

Ба гуфтаи мақомҳои маҳаллӣ дар Ворухи Исфара, баъди аз суйи марзбонони қирғиз рабуда шуданашон ин кӯдакон мавриди латукӯб қарор гирифта, сахт тарсидаанд ва ду рӯзи ахир ба мактаб нарафтанд. Раиси маҳаллаи ҷамоати Ворух ба “Азия-Плюс” гуфтааст, ин кӯдакон таҳти фишори сахти руҳӣ қарор гирифтаанд:

“Бачаи маро се мушт зада ба замин ғалтонда, ба қисмати пояш бо зону задаанд, кабуд шудааст. Лекин бачаи ҳамсояро аз кӯҳ тела кардаанд, сарозер рафта қисмати синааш захмдор шуда, поёни зонуяш як ваҷаб тарошидагӣ, худи бо корд бурида барин, ки вақти тела додан пояшро санги тез буридааст. Саломатии бачи ман хуб аст, вале тарисидаанд сараш автомат гузоштаанд, инҳо мактабхонанд, чунин амал номумкин аст”,-гуфтааст Солеҳбой Саидов, падари яке аз ин кӯдакон.

Як духтури беморхонаи ҷамоати Ворух гуфтааст, осеби бардоштаи кӯдакон аз лату кӯби марзбонони қирғиз ҳарчанд барои саломатӣ бисёр зараровар нест, лекин кӯдаконро таҳти фишори шадид қарор додааст ва бачаҳои ноболиғ тарсидаанд:

“Баданашон кабуду сиёҳ харошидагӣ аст”, - таъкид кардааст ӯ.

Ба гуфтаи Солеҳбой Саидов, ин ду наврас як километр болотар аз маҳалли зисташон - Заҳматобод замони говбонӣ ва чидани гули бойчечак аз ҷониби марзбонони қирғиз рабуда шудаанд.

Ба гуфтаи мақомҳои маҳаллӣ, мавзеъи болои маҳаллаи Заҳматобод, ҷое, ки кӯдакон рабуда шудаанд, чарогоҳи тоҷикон аст, вале марзбонон қирғиз он ҷойро мавзеъи баҳсӣ меҳисобиданд.


Комментарии для сайта Cackle