Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

ВКД: “Облава” не, амалиёти боздошти “ҷинояткори хавфнок” буд


12.04.2021 08:04

: 116

Навори пурсарусадои боздошти як ҷавон дар шаҳри Душанбе, ки ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуд, “облава” набуда, амалиёти мақомоти милитсия ҷиҳати боздошти як узви “Давлати исломӣ” ва ба гуфтаи мақомот, “ҷинояткори хавфнок” будааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон наворро ҳамин гуна шарҳ дода, гуфт, “дастгир кардани ин ҷинояткори махсусан хавфнок дар асоси маълумотҳои дақиқи оперативӣ ва парвандаи ҷустуҷуии ҷиноятӣ бо моддаи 205 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия ва 401 иловаи 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шуд”.

Аз дастгиршуда шаҳрванд Идибегов Имомалӣ Ҷурабекович, санаи таваллудаш 19-уми декабри соли 1982, сокини деҳаи Яккатути ноҳияи Рӯдакӣ, ном бурда шудааст:

Солҳои 2015-2017 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ фаъолият мекард. Ӯ бо истифода аз шабакаҳои интерентӣ пайравӣ ва ҷонибдории худро ба ташкилотҳои террористӣ, бахусус “Давлати исломии Ироқу Шом” (ДИИШ) ифода намуда, ба паҳн ва тарғиби ақидаҳои террористӣ, аксу наворҳои даҳшатзо ва матнҳои ифротгароёна даст задааст. Бо ҳаммаслакони ҷиноятпешаи худ Амиров Темур Манзаршоевич ва Сулаймонов Даврон Ҳакимҷонович, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон будаанд, дар ҳудуди Федератсияи Россия амалисозии якчанд актҳои террористиро ба нақша гирифта, инчунин барои хазинаи давлати исломӣ маблағҳои муайян ворид кардаанд”, - омадааст дар шарҳи расмии ВКД Тоҷикистон.

Бино ба ин иттилоия, аз чунин қасди диверсионии Имомалӣ Идибегов ва ҳаммаслакони ӯ мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия огоҳ гардида, ду нафар шаҳрвандони Ӯзбекистон - Амиров Темур Манзаршоевич ва Сулаймонов Даврон Ҳакимҷоновичро дастгир кардаанд. Имомалӣ Идибегов ба Тоҷикистон фирор карда, “барои чунин кирдори махсусан хатарноки худ-терроризм аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Россия дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт”.

Номбурда дар натиҷаи амалиёти махсуси кормандони милитсия рӯзи 6-уми апрел дар ҳудуди шаҳри Душанбе дастгир шуда, дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Ба маълумоти ВКД, ҳангоми дастгир намудани гумонбаршуда Идибегов И.Ҷ., шаҳрвандон - ҳамсари гумонбаршуда Fаниева Дилбар, ронандаи таксӣ Забирова Сабоҳат ва Шаҳлои Салоҳиддин, ки бо ҳам робитаи зич доштаанд ва дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор доштани Идибеговро медонистаанд, “дидаву дониста ба раванди фаъолияти кормандони милитсия монеагӣ эҷод намуда, дар байни ҷомеа иғво андохта, тариқи телефон рафти дастгиркунии ҷинояткорро ба навор гирифта, дар шабакаҳои интернетӣ ҳамчун сафарбаркунии маҷбурӣ (облава) ба сафи артиш шарҳ дода, паҳн намудаанд”.

“Гумонбаршуда Идибегов Имомалӣ Ҷурабекович барои раҳоӣ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ худро ҳамчун бемор вонамуд намуда, бо ин рафтори айёронаи худ диққати роҳгузаронро бештар ҷалб намуда, издиҳоми зиёди одамонро ба вуҷуд овард”, - мегӯяд ВКД.

Таъкид шудааст, нисбат ба шаҳрвандоне, ки дар рафти амалисозии чорабинии дастгиркунии гумонбаршуда Идибегов И.Ҷ. ба кормандони милитсия халал расонидаанд, чораҳои қонунӣ андешида мешавад.


Комментарии для сайта Cackle