Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Фоҷиа дар Чоргултеппа: қатли се нафар бо таппонча


22.02.2021 10:14

: 57

Як хизматчии Гвардияи миллии Тоҷикистон бо гумони қатли се нафар – ҳамсар ва падару модари ӯ тавассути таппонча дастгир гардида, нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Вазорати корҳои дохилӣ хабар дод, ки прапоршики қисми ҳарбии 051057 Гвардияи миллии Тоҷикистон Икромзода Азаматулло Азизбек, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, рӯзи 20 феврал бинобар ба амал омадани муноқишаи оилавӣ, ба хонаи волидайни ҳамсараш ба деҳаи Мадад, ҷамоати Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ рафта, бо истифода аз тапончаи ПМ, ҳамсараш, падар ва модари ҳамсарашро ба қатл расонидааст:

“Бо андешидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ Икромзода Азаматулло Азизбек аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардидааст”, - хабар дод ВКД.

Зикр мегардад, ки вобаста ба ин ҳодиса аз тарафи Прокуратураи генералӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.


Комментарии для сайта Cackle