Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Ҳабси ду узви гуруҳи “Мулло Абдулло”


19.02.2021 08:49

: 203

Суди Олии Тоҷикистон ду узви гурӯҳи ҷиноятпешаи замони ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳуриро ба муҳлатҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндон кардааст.

Бино ба иттилоъи Маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ, маҳкумшудагон - сокинони ноҳияи Нуробод А. Латипов ва М.Нозиршоев узви гурӯҳи Абдулло Раҳимов маъруф бо лақаби “Мулло Абдулло” буданд.

Тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятиро бо айбдории Латипов А.А. ва Нозиршоев М.А. Прокуратураи генералии Тоҷикистон ба анҷом расонида, барои моҳиятан баррасӣ намудан ба Суди Олӣ фиристтодааст. Нисбат ба номбурдаҳо бо моддаҳои 110 қисми 3 банди “а”, 181 қисми 3 бандҳои “а,б” ва 186 қисми 2 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.

Тафтишоти пешакӣ марбут ба парвандаи ҷиноятии мазкур муайян намудааст, ки маҳкумшудагон Латипов А.А. ва Нозиршоев М.А. “соли 1996 ба гурӯҳи мусаллаҳи устувори Раҳимов Абдулло бо лақаби “Мулло Абдулло”, ки дар ҳудуди ноҳияи Нуробод бо мақсади ғаразнок ва ниятҳои нопок, ки аз ҳуҷум ба шаҳрвандон ва ташкилотҳо зоҳир мегардад шомил гардида, то соли 2001 дар ин гурӯҳ ҷиноятҳои вазнину махсусан вазнинро содир намудаанд”.

Моҳи майи соли 1999 шаҳрванд Наҷмуддинова С.С. аз ҳиссиёти рашк ба назди Раҳимов Абдулло, ки он ҷо аъзои фаъоли гурӯҳи мусаллаҳи устувори мазкур Нозиршоев М.А., Зумрадов Р.М., Нақибов З.У., Бободжанов Ф.И бо лақаби “Файзи чӯлоқ” ва дигарон фаъолият доштанд, омада, нисбат ба муносибатҳои маҳрамонаи шавҳараш Fаниев М.А. бо сокини деҳаи Ҳасандараи ҳамин ноҳия Саъдуллоева Ш. А. муроҷиат намудааст.

“Минбаъд Бободжанов Ф.И. дар шарикӣ бо Латипов А.А. ва дигар аъзои гурӯҳи мусаллаҳи устувор Fаниев М.А.-ро ба сифати гаравгон ғасб ва дастгир намуда, муддати зиёда аз 15 рӯз дар қароргоҳи муваққатиашон, воқеъ дар деҳаи Лайрони ноҳияи Нуробод ғайриқонунӣ нигоҳ дошта, мунтазам мавриди лату кӯб ва азобу шиканҷа қарор дода, бо мақсади ғаразнок аз падари Fаниев М.А. - Fаниев Абдурасо ҳамчун шарти озод кардани гаравгон маблағҳои калони пулӣ ва молу амвол талаб намудааст”, - муайян намудааст тафтишот.

Бино ба ин иттилоия, Латипов А.А. тахминан соли 2002 бо мақсади аз ҷавобгарии ҷиноятӣ дур шудан ба Русия фирор намуда, то моҳи октябри соли 2010, яъне то барҳам хурдани гурӯҳи мазкур ва безарар гардонида шудани Раҳимов А. интизори фармонҳои охирон ва дигар аъзои гурӯҳ шудааст.

Бо ҳукми Суди Олии Тоҷикистон, аз 12 феврали соли 2021, судшавандаҳо Латипов А.А. ва Нозиршоев М.А. бо моддаҳои 110 қисми 3 банди “а”, 181 қисми 3 бандҳои “а,б” ва 186 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба онҳо аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо ҷазои ниҳоӣ, маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 19 солӣ бо адо намудани ҷазо дар колониям ислоҳии дорои низоми сахт таъин карда шудааст.


Комментарии для сайта Cackle