Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Донишҷӯе, ки деканро бо корд зад, дастгир шуд


02.02.2021 12:29

: 98

Кормандони милитсияи шаҳри Душанбе донишҷӯи Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро, ки бо корд ба декани факултет ҳамла намуда, ӯро захмӣ кардааст, дастгир кардаанд.

Бино ба хабари Маркази матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, нисбат ба ин донишҷӯ аллакай барои сӯиқасд ба одамкушӣ парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.

“Гумонбаршаванда Давлятов Айниддин Нуриддинович, санаи таваллудаш 10.08.2000, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Сарикиштӣ, ки донишҷӯи бахши дуюми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мебошад, аз ҷониби кормандони милитсия пойтахт бо ҷурми суиқасд ба одамкушӣ дастгир карда шуд”, – хабар дод манбаъ.

Зимни чорабиниҳои тафтишотӣ муайян гардидааст, ки номбурда 28-уми январи имсол декани Факултети менеҷменти байналмилалии донишгоҳи номбурда Имомназаров Музафар Аҳмадҷонович, соли таваллудаш 1978, сокини шаҳри Душанберо дар назди утоқи корияш, воқеъ дар донишгоҳи мазкур бо корд 1 маротиба ба шикамаш задааст. Омӯзгор ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудааст.

Манбаъ мегӯяд, санҷиш ва тафтиши раванди таҳсилоти гумонбаршаванда Давлятов Айниддин дар донишгоҳи мазкур муайян намуд, ки ӯ ба таври доимӣ ба дарсҳо ҳозир нагардида, дар баробари ин нисбат ба устодон беэҳтиромӣ зоҳир намуда, аз имтиҳонҳо низ қарздор будааст:

“Декани факултети мазкур ба хотири фаҳмидани мушкилоти донишҷӯ падари гумонбаршуда шаҳрванд Давлятов Нуриддинро ба донишгоҳ даъват намуда, аз раванди таҳсилот, одобу ахлоқ ва мушкилоти фарзандаш ӯро огоҳ намудааст. Дастгиршуда Давлятов Айниддин аз он ки падараш аз нахондану қарздории ӯ аз имтиҳонҳо тавассути декани факултет огоҳ шуда, ӯро сарзаниш кардааст, нақшаи аз ҳаёт маҳрум сохтани деканро тарҳрезӣ намудааст. Бо ин мақсад, санаи 28-уми январи соли ҷорӣ бо корд мусаллаҳ гашта, декани факултети худро дар назди утоқи кориаш бо корд захмӣ карда, аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст”, - омадааст дар иттилоияи РВКД.

Ба маълумоти манбаъ, айни замон нисбат ба Давлятов Айниддин тибқи талаботи моддаҳои 32, қисми 3 ва 104 қисми 1 (суиқасд ба одамкушӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ба ӯ ҳабс ба муҳлати аз 8 то 15 сол таҳдид мекунад.


Комментарии для сайта Cackle